МУВАФФАҚИЯТМеҳроҷ мехоҳад ҳама лулиён мислу ӯ таҳсил кунанд

Меҳроҷ мехоҳад ҳама лулиён мислу ӯ таҳсил кунанд

-

Меҳроҷ дар ҳамоиши «Устуворӣ, фарогирӣ, дастгирӣ ва баробарӣ”: Роҳ ба сӯи ҷомеаи демократӣ тавассути тавонмандсозии Созмонҳои ҷамъиятии шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон”

Меҳроҷи 24-сола аз ақалияти лулиён аст. Мактаби №18-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро хатм кардааст. Ҳоло донишҷӯи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд мебошад.

Дар муҳоҷират низ буд ва забони русию англисиро он ҷой ёд гирифт. Ӯ аз ҳама лулиҳо даъват мекунад, ки таҳсил кунанд, бо меҳнати худ нони хешро пайдо намоянд.

«Зарурат пеш омад, ки ба Русия барои кор равам. Дар он ҷо русӣ, англисӣ омӯхтам. Яъне, донишамро такмил кардам. Акнун баргаштам. Ман диплом надорам. Мехоҳам ҳадди аққал ғоибона таҳсил кунам, соҳиби диплом шавам. Зеро, агар ба таҳсил машғул гардам, оилаи маро касе нигаҳбонӣ намекунад. Бинобар ин,  маро зарур аст, ки ҳам кор кунаму ҳам таҳсил.«,-нақл кард ба мо.
Меҳроҷ мегӯяд, хурсандиовар аст, ки Тоҷикистон дар ҳамаи аснод онҳоро тоҷик зикр мекунад ва тамғагузорӣ дар ин самт вуҷуд надорад. Вале вақти мусоҳиба барои кор дар ин ё он ниҳод корфармо мефаҳмад, ки Меҳроҷ лулӣ аст, ба кор қабул наменамоянд.

Тибқи талаботи моддаи 7-и Кодекси меҳнат, «ҳамаи шаҳрвандон ба меҳнат ҳуқуқи баробар доранд, табъиз дар муносибатҳои меҳнатӣ манъ аст. Ҳама гуна фарқиятгузорӣ, роҳ надодан, афзалият гузоштан ё рад кардан аз қабул ба кор қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ки баробарии имкониятро дар меҳнат халалдор мекунад, манъ аст.

Дар ҳамин ҳол, Муқим Ашуров, сардори Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар як матлаби хеш таъкид менамояд, ки Тоҷикистон барои рафъи табъиз ба як қаторҳои қонунҳои хеш тағйирот ворид кард:

«Дар меъёрҳои як қатор қонунҳо, аз ҷумла, Кодексҳои меҳнат ва ҷиноятию маъмурӣ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ”, “Дар бораи фарҳанг”, “Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ”, «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ», “Дар бораи хизмати давлатӣ” манъи вайронкунии баробарии ҳуқуқ ё табъиз пешбинӣ карда шудаанд.»

Тоҷикистон чор маротиба Гузоришҳои миллии даврӣ вобаста ба иҷрои Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи барҳам додани ҳамаи шаклҳои табъизи нажодӣ пешниҳод намудааст. Гузориши даврии муттаҳидаи дувоздаҳум-сенздаҳуми Тоҷикистон соли 2020 ба Кумита оид ба барҳам додани табъизи нажодӣ пешниҳод шуд.

Ба таъкиди Фирӯз Шоев, дотсенти кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ҳуқуқи ақаллиятҳои миллӣ яке аз ҳуқуқҳои инсон ба шумор меравад. Бо ин мақсад Лигаи миллатҳо ҳимояи ҳуқуқи ақаллиятҳои миллиро ҳанӯз дар давраи фаъолияти худ ба роҳ монда буд. Соли 1947 Созмони Милали Муттаҳид ба масъалаи ҳуқуқи ақаллиятҳои миллӣ диққати ҷиддӣ дод ва бо қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон давраи нави ҳимояи ҳуқуқи ақаллиятҳои миллӣ оғоз гардид.

Созмони Милали Муттаҳид таввасути механизмҳои ҳимояи худ ҳуқуқи инсонро аз ҳама гуна табъиз ва нобаробариҳо зери ҳимоя қарор додааст. Ҳимояи ҳуқуқи ақаллиятҳои миллӣ маҳз ба ин ҳимоя равона карда шуда, давлатҳоро намегузорад дар доираи салоҳияти худ ба нобаробарӣ аз рӯи хусусиятҳои миллӣ, этникӣ, динӣ ё забонӣ байни шаҳрвандони худ ва шахсоне, ки дар дохили давлат истиқомат доранд, роҳ диҳанд.

«Давлатҳои аъзои СММ вазифадоранд дар дохили давлати худ имконияти истифода намудани ҳуқуқу озодиҳои ақаллиятҳои миллиро ба онҳо таъмин намоянд ва барои ин шароитҳо муҳайё созанд. Дар ҳолати вайрон гаштани ҳуқуқу озодиҳои ақаллиятҳои миллӣ онҳо метавонанд ба механизмҳои дохилидавлатӣ (миллӣ) ва байналхалқии ҳифзи ҳуқуқи инсон муроҷиат намоянд.»,-зикр кардааст Фирӯз Шоев.

Стандартҳо ва воситаҳои байналмилалии универсалӣ ва минтақавии ҳифз аз табъиз аз инҳо иборатанд:

— Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи барҳам додани ҳамаи шаклҳои табъизи нажодӣ;

-Эъломияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои ақаллиятҳо;

-Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ;

-Мулоҳизоти тартиби умумии №23 Кумитаи ҳуқуқи инсон дар бораи ҳуқуқҳои ақаллиятҳо;

-Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ;

-Мулоҳизоти тартиби умумии №14 (2000) Кумита оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ;

-Конвенсияи дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак;

-Конвенсия дар бораи пешгирии ҷиноятҳои генотсид ва ҷазо барои он;

-Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи пешгирии ҷиноятҳои апартеид ва ҷазо барои он;

-Конвенсияи ЮНЕСКО дар бораи ҳифз ва ҳавасманд намудани гуногунии шаклҳои хештангароии фарҳангӣ;

-Конвенсияи чорчӯбавии Шӯрои Аврупо дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои ақаллиятҳои миллӣ ва дигарҳо.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
5
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

250 сол озодӣ, 35 сол шарикӣ: чӣ ба даст омад?

Ҳамкории мо дар соҳаи фарҳанг низ густариш меёбад.  Дар давоми бисту панҷ соли дар доираи лоиҳаҳои Фонди сафирон барои...

Оё дар Моҳ шаҳр сохтан мумкин аст? Олимон ба захираи об шубҳа доранд

Бо вуҷуди пешрафтҳои ахир дар харитасозии сатҳи Моҳ барои арзёбии имкони бунёди шаҳрҳои моҳтобӣ, як таҳқиқоти нав интизориҳоро дар...

ProPublica: Умар Кремлёв як қисми хароҷоти тӯйи писари Трампро пардохт кардааст

Мақоми варзишии Русия ва олигарх Умар Кремлёв хароҷоти иҷораи ҷазираи хусусӣ ва оташбозӣ ё фейерверкро барои баргузории тӯйи Доналд...

Вазири фарҳанги Исроил хост шаҳрвандии ду коргардони барандаи «Оскар» бекор карда шавад

Вазири фарҳанги Исроил даъват кард, ки шаҳрвандии коргардонҳои исроилӣ Ювал Авраҳам ва Рейчел Сзор, барандагони ҷоизаи "Оскар", ки филми...
spot_imgspot_img

Чин барои кишварҳои БРИКС «минтақаи зеҳни сунъии дорои манбаи боз» таъсис медиҳад

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин рӯзи якшанбе дар нишасти кишварҳои БРИКС дар Деҳлӣ изҳор дошт, ки Чин ташкили...

Роҳпаймоии роботҳо дар Варшава. Онҳо чӣ мехостанд?

Дар Варшава 30 робот бо парчамҳо роҳпаймоӣ карда, дар назди Вазорати умури рақамии ин кишвар шиорҳо сар дода, аз...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад