МУВАФФАҚИЯТЗафар Муродзода пешсафи ИДМ

Зафар Муродзода пешсафи ИДМ

-

Дар акс Зафар Муродзода аз чап. Аз рост Додхудо Шарифзода. Манбаъ: саҳифаи фейсбукии Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе
Зафар Муродзода, директори Муассисаи давлатии Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Пешсафи ИДМ дониста шуд.
Озмуни байналмилалии “Пешсафони ИДМ”, ки дар он беш аз 1000 довталаб аз давлатҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил ширкат карданд, дар пойтахти Узбекистон-шаҳри Тошкент ҷамъбаст гардид.
Ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии “Маркази рушди зеҳнӣ” аз Ҷумҳурии Тоҷикистон намзадии довталабро аз рӯи 15 номинатсия ба ин озмун пешниҳод карда буд. Вобаста ба муҳтавои мақолаҳо ва натиҷаҳои дар фаъолият нишондодаи довталабон ғолибон муайян гардиданд.
дар доираи ин озмун директори Муассисаи давлатии Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Зафар Муродзода аз рӯи номинатсияи “Технологияҳои иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ” ғолиб дониста шуда, бо нишони “Пешсафони ИДМ” қадрдонӣ шудааст.
Барномаи журнали электронии “eDonish”, ки ҳоло дар аксари мактабҳои шаҳри Душанбе истифода мешавад, дар таҳияи он Зафар Муродзода саҳм доштааст. Пешниҳоди мақола дар бораи “eDonish” ва дигар фаъолиятҳои назарраси ӯ аз ҷониби дастандаркорони озмуни байналмилалии “Пешсафони ИДМ” қадрдонӣ шудааст.
Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» дар саҳифаи фейсбукиаш хабар додааст, ки 25 октябри соли равон ҷоизаи мазкурро Директори генералии Ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии “Маркази рушди зеҳнӣ” Додхудо Шарифзода тақдим намуд.
ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
6
+1
5
+1
0
+1
0
+1
0
+1
2
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад