МУВАФФАҚИЯТШакари қимат нишоллоро низ қимат кард

Шакари қимат нишоллоро низ қимат кард

-

Бо фаро расидани моҳи шарифи Рамазон аксарият  рӯйи хони худ нишолло мегузоранд. Аммо имсол бо сабаби гарон будани нархи шакар қимати ин ғизо низ каме боло рафтааст. Бар замми ин, онҳое, ки ин ғизоро омода мекунанад, сол то сол сафашон кам мегардад.

Давоми ду даҳсолаи охир бинобар коҳиши талабот ба нишолло дар шаҳри Хуҷанд даҳҳо нишоллопаз тарки ин ҳунари аҷдодӣ кардаанд. Дар гузашта нишоллопазони моҳир асосан дар ҳудуди бозори “Панҷшанбе”-и Хуҷанд ин навъи ғизои ширинро ба фурӯш мебароварданд.  

Шаҳри Хуҷанд аз қадим бо ҳунармандони нишоллопаз маъруф аст ва баъзе аз хонаводаҳо ҳунари нишоллопазиро аз бобову бобокалонҳо ба мерос гирифтаву то имрӯз ҳифз кардаанд. Дар гузашта баъзе аз маҳаллаҳои атрофи бозори “Панҷшанбе”-и шаҳри Хуҷандро махсусан бо гурӯҳе аз нишоллопазони таҳҷоӣ мешинохтанд. Аммо дар 20 соли охир даҳҳо хонаводаҳо аз ин ҳунари аҷдодияшон даст кашидаву феълан ангуштшумор нишоллопаз боқӣ мондаанд.

Исмат Бобоев як нишоллопази шинохта аст, ки 25 соли охир ба таҳияи ин ғизои ширини суннатӣ машғул аст. Ӯ дар манзили зисташ бо фарзандон нишолло мепазад ва баъдан хонавода онро дар растаи нишоллофурӯшии бозори “Панҷшанбе” мефурӯшанд. Вай афзуд, дар ду даҳсолаи охир хонаводаҳое, ки аз гузаштагонашон нишоллопазиро ба мерос гирифта буданд, тарки ин ҳунар карданд. Ҳамакнун ангуштшумор нишоллопазон бо пухтани ин ғизои ширину маъмулӣ машғуланд, ки ба фарқ аз даҳсолаҳои қабл солҳои охир нишолло то ҷое камхаридор низ шудааст.  

“20 сол пеш нишоллопазон дар Хуҷанд аз 30 нафар зиёд буданд. Замона пеш рафт,  аксарияти нишоллопазон ба кори дигар рӯй овардаанд. Ҳоло дар бозори “Панҷшенбе” танҳо 9 нафар нишоллофурӯш боқӣ мондаанд. Мо нишоллои пухтаи худро дар ҳамин бозор ба фурӯш мегузорем ва аз ҳамин ҳисоб зиндагӣ мекунем.”

Исмат Бобоев мегӯяд, ба хотири ҳифзи ин ҳунар, ба фарзандону наберагонаш ва то ҳатто ба пайвандону ҳамсоягонаш низ нишоллопазиро омӯзонидааст ва ин корро идома медиҳад.

Нархи шакар қимати нишоллоро боло бурд

Ба 10 сомонӣ расидани як кг шакар, қимати як кило нишолло низ аз 12 сомонии қаблӣ то ба 13 сомонӣ боло рафтааст. Нишоллопазон мегӯянд, маҳсулоти асосии ин ғизои миллӣ шакар мебошад ва онҳо низ ба якборагӣ гарон кардани нишолло ҳавасманд нестанд. Дар ҳоле, ки солҳои охир нишолло дар бозор начандон харидор дорад. Ба гуфтаи нишоллопазон, дар пайи кам шудани харидорон онҳо низ дар рӯзҳои ҷудогона нишолло пухтаву бонавбат онро дар бозор мефурӯшанд.

Эҳсон Бобоев, таҳияи нишоллоро аз Исмат Бобоев омӯхтааст ва мегӯяд бо ҳамин ҳунар падараш ӯ ва дигар фарзандонро бузург кардаву соҳибмаълумот кардааст. Вай низ дар таҳияи нишолло ба падараш кӯумак мерасонад ва ба ақидаи ӯ, ба назар чунин мерасад, ки ҷойи нишоллоро дар бозор шириниҳои гуногуне иваз карда истодааст.

“Зиёд гардидани анвои қаннодиву  ширинӣ ва беш гардидани талабот ба онҳо, нишоллоро камхаридор кардааст. Ҳукумат низ ба ҳунармандон хосатан нишоллопазон имтиёзи андозӣ дод, ки ин хуб шуд то ҳунармандон барои аз байн нарафтани нишоллопазӣ талош кунанд. Ҷавонони имрӯза низ нишолло чи аст начандон хуб медонанд. Мо бояд ба онҳо ин ғизои аҷдодиро расонем.”-афзуд ӯ.      

Нишолло яке аз ғизоҳои ширину маъмул дар моҳи шарифи Рамазон буда, аксарият шому саҳар онро истеъмол мекунанд.

Ҳалим Ҷураев

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад