МУВАФФАҚИЯТ18 медали дастаи олимпии пойтахт дар Олимпиадаи байналмилалии STEM

18 медали дастаи олимпии пойтахт дар Олимпиадаи байналмилалии STEM

-

Иштирокчиёни олимпиада. Аксҳо аз саҳифаи фейсбукии Асомиддин Бобозода
Дастаи олимпии пойтахт дар даври ниҳоии 3-юмин Олимпиадаи байналмилалии STEM, ки дар шаҳри Парижи  Фаронса доир гардид,  18 медал ба даст оварданд.
«Аз 18 то 23-юми июли соли 2023 дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса, даври ниҳоии 3-юмин Олимпиадаи байналмилалии STEM, бо ташаббуси Ҷумҳурии Федеролии Олмон баргузор гардид.»,-дар ин бора Асомиддин Бобозода, сардори Раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе тариқи саҳифаи фейсбукии хеш хабар додааст.
Олимпиадаи мазкур аз фанҳои табиатшиносӣ, математика ва технологияи иттилоотӣ байни хонандагони синфҳои 5-11 гузаронида шуда, дар даврҳои олимпиада зиёда аз 11 ҳазор хонанда аз 114 давлат, 1200 муассиса ва 900 нафар иштирок намудаанд.
Даври ҳузурии Олимпиада бошад, дар Донишгоҳи давлатии Сорбони шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса баргузор гардида, дар он, 22 давлат, 96 муассиса, 64 роҳбалад ва 440 нафар иштирокчиён бо ҳам қувваозмоӣ намуданд. Дастаи олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иборат аз 36 нафар иштирокчиён, аз 7 муассисаҳои гуногуни ҷумҳурӣ; 29 нафар аз шаҳри Душанбе 7 нафар аз вилояти Суғд, дар озмуни мазкур иштирок кардаанд.
Дар олимпиадаи мазкур дастаи олимпии пойтахт фаъолона иштирок намуда соҳиби 18 медал гардиданд, ки аз ин шумора 5 медали тилло, 5 медали нуқра ва 8 медали биринҷӣ мебошад.
Як нафар хонандаи синфи 6-уми Муассисаи таълимии гимназияи хусусии «Кафолат»-и шаҳри Душанбе Шоҳхоҷаев Абубакр дар сегонаи ғолибони мутлақ байни синфҳои 6 аз фанни математика, мақоми сеюмро ишғол кард.
Маросими қадрдонӣ ва ҷоизасупории ғолибони даври ниҳоии озмун, дар маркази музейи «Илм ва саноат» и шаҳри Париж, ки калонтарин музей дар минтақаи Аврупо ба ҳисоб меравад, баргузор шудааст.
ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
3
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад