ОЛАМИ МАҶОЗӢТаъсири тарғибот: эҳсосӣ шудан ба ҷои аксуламали мантиқӣ

Таъсири тарғибот: эҳсосӣ шудан ба ҷои аксуламали мантиқӣ

-

Пропаганда бо мақсади бор кардани фикр ё ҳадафи мушаххас истифода мешавад.

Чаро пропаганда истифода мешавад?

Пропаганда як абзорест, ки аудуторияро ба ҷои нишон додани аксуламали мантиқӣ водор мекунад, ки эҳсосотӣ амал намояд. 

Як намунаи машҳури Пропаганда-плакатҳои сиёсӣ мебошад. Дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ васеъ истифода шудаанд.

Ин плакатҳо барои даъвати мардон ба сафи артиш ва даъвати занон ба кор дар заводу корхонаҳо тартиб дода мешуданд.

Акнун бо пешрафти техналогия навиштаҳои таъсирбахш ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва билбордҳои электронӣ роҳ ёфт.

Намунаи плакатҳои тарғиботӣ дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ

Пропагандаи мусбат чист?

Пропагандаи мусбат дар тарғиби тарзи ҳаёти солим, маориф, муҳити зист ва дигар соҳаҳо истифода мешавад.

Пропагандаи мусбат як шакли тарғиботест, ки барои огоҳ кардани одамон ё ташвиқи онҳо ба коре барои кумак ба ҷомеа истифода мешавад.

Тарғиботи ТҶ “Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф”. Акс аз саҳифаи фейсбукии Нурбибӣ Бобоева

Истифодаи интернет паҳншавии босуръати иттилоот боиси рушди пропаганда гардидааст. Яъне, Интернет ба майдони рақобати шадиди идеяҳо табдил ёфтааст. Дар фазои виртуалӣ ҳам ақидаҳои инсондӯстона, дониш, арзишҳо, инчунин ақидаҳои ифротгароӣ ва ошкоро маълумоти дурӯғ паҳн мешаванд.
Иштирокчиёни равандҳои иҷтимоию сиёсӣ барои таъсир ба ҷомеа аз воситаҳои гуногун истифода мебаранд.

Бештари ақидаҳои ифротӣ тариқи интернет паҳн мешавад. Акс аз интернет

Вақтҳои охир воситаи пропагандаи «ифлос» троллинг шудааст, яъне, интишори паёмҳои таҳрикомез барои барангехтани муноқишаҳо. Ин корро онҳое иҷро мекунанд, ки ҳоло бо номи «тролл», «фейк», «бот» шинохта шудаанд.

Иттиллоти гуногун дар интернет. Акс аз интернет

Рӯзноманигор Илҳоми Ҷамолиён мегӯяд, барои дар канор будан аз ҳар гуна тарғибот бояд аз ақл кор гирифт:

«Вақте гап дар бораи тарғибот ё худ пропаганда меравад, ин як навъ паҳн кардани ғоя бо мақсади ҷалб кардани тарафдорон аст. Вақте аз ақл кор мегиред, таҳлил мекунеду аз нигоҳи интиқодӣ ба ин даъватҳо, ба ин ғояҳо, ба ин андешаҳо назар мекунед, шумо дарк мекунед, ки он дасткорӣ аст, шуморо дасткорӣ карда истодаанд ё ин ки ҳадафашон ҳадафи хуб аст, ҳадафи бад аст.»,-мегӯяд ҷаноби Ҷамолиён.

Чӣ тавр пропагандаро дарк кард:

-Ба ҳеҷ кас набояд зуд бовар кард;

-Иттиллоотро набояд бо эҳсосот қабул намуд.

Маълумоти бештар дар эксплейнери мо:

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
6
+1
5
+1
2
+1
0
+1
0
+1
1
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад