МУВАФФАҚИЯТЧӣ бояд кард то рамзи телефон ва саҳифаҳои иҷтимоии...

Чӣ бояд кард то рамзи телефон ва саҳифаҳои иҷтимоии моро нашикананд

-

Дар телефони худ мо аксу наво ва дигар маълумоти худро нигоҳ медорем. Шояд барои зуд дастрас кардани маълумот дар ҳама шароит аз телефон қулай бошад, аммо, дар баробари ин, хатар низ дорад.
Аксарият тартиби рамз гузоштани телефонро медонанд, вале шояд надонанд, ки кадом рамзҳо бовариноканд.
Оддатан мо рамзҳои графикӣ (рисунок), рақамӣ (код), матнӣ (парол), изи ангушт (отпечатки пальцев), шинохти чеҳра (разпознавание лицо) ё садоиро дар телефони худ мегузорем, аммо ҳамаи ин рамзҳо телефони моро бехатар нигоҳ дошта наметавонанд.
Мутахасисон бештар истифодаи рамзҳои графикӣ (рисунок), рақамӣ (код) ва матнӣ (парол)- ро тавсия медиҳанд, чунки ин рамзҳоро шумо дар зеҳнатон нигоҳ медоред ва танҳо худи шумо онро кушода метавонед. Маълум аст, ки касе рамзҳоро аз зеҳни шумо дуздида наметавонад.

Кадом рамзҳо осебпазиранд?

Рамзҳои содда тавсия дода намешавад. Аксҳо аз шабакаи интернет

Ному насаб, санаи таввалуд, рақами телефон, рақами мошин, почтаи электрониро ҳамчун рамз дар телефон ва шабакаҳои иҷтимоии худ истифода набаред.

Кадом маълумотро дар телефони худ ҷойгир кунем ва кадомашро не.
Дар хотир нигоҳ доред! Ҳама гуна маълумот ва аксу навореро, ки як бор дар телефон ҷой мекунед, ҳатто баъд аз пок карданашон (удалить) онҳоро дигарбора барқарор кардан имкон дорад. Дар телефонҳои iPhone маълумот дар iCloud ва дар Android бошад дар Google Photo ё Google disk сабт мешаванд.

Манбаҳое, ки маълумоти мо дар он ҳифз мешавад: дар iPhone — iCloud дар Android — Google Photo ё Google disk

— Барои бехатарии маълумот дар телефон чӣ бояд кард?
— Аксу наворҳои маҳрамонаи худ ва оилаатонро дар телефон нигоҳ надоред.
— Дар саҳифаи қайдҳо (заметка) рамзи телефон ва шабакаҳои иҷтимоии худро нанависед. Агар касе телефонро кушояд рамзҳоро бе мушкилӣ гирифта метавонад.
— Маълумоти бонкӣ ва аксу рамзи корти бонкиро низ дар телефон нигоҳ надоред.
— Ҳуҷҷатҳои муҳими корӣ ва ё шахсиро низ дар телефон нигоҳ доштан дуруст нест.

Рамзро дар саҳифаи қайдҳо нанависед

Ҳифзи шабакаҳои иҷтимоӣ аз шикастани рамз
Дуздидани шабакаҳои иҷтимоии шумо нисбат ба дуздидани телфонатон осонтар аст, агар шумо қоидаҳои дурусти муҳофизати онҳоро риоя накунед.
Чӣ бояд кард?
— Пеш аз ҳама саҳифаҳои худро шабакаҳои иҷтимоӣ рамзҳои боваринок гузоред.
— Як рамзро дар чанд саҳифа истифода набаред. Агар рамзро пайдо кунанд якбора чанд саҳифаи шуморо шикастан имкон дорад.
— Дар ҳамаи шабакаҳои иҷтимоӣ рамзи дуқабата (двухфакторная аутентификация) мавҷуд аст, ки барои бехатарии саҳифа истифода мешавад. Шумо низ ин рамзи дуқабатаро фаъол созед. Агар касе кушиши ворид шудан ба саҳифаи шуморо кунад, шабака дарҳол ба шумо паём мефиристад ва шумо амалётро қатъ мекунед.


— Шабакаҳои худро ба ҳар гуна сомонаву барномаҳо пайваст накунед. Онҳо метавонанд ба рамзи саҳифа дастрасӣ пайдо карда ба он ворид шаванд.
Чӣ гуна фаҳмем, ки саҳифаи моро дигар кас истифода мебарад ё не.
Шабакаҳои иҷтимои ҳама дасгоҳҳоеро, ки ба онҳо пайваст мешаванд дар худ сабт мекунад. Дар ҳама месенҷер ва шабакаҳои иҷтимоӣ функсияҳои махсус бо номи “дастгоҳҳо” (устройство) ё “даромад ба саҳифа” (входы в аккаунт) мавҷуд аст. Дар ин ҷо шумо метавонед санҷед, ки кадом навъ дастгоҳ ва аз кадом макон ба саҳифаи шумо пайваст аст ва метавонед дастрасии онро қатъ кунед.

Маълумоти бештар дар эксплейнер:

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
3
+1
5
+1
2
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

250 сол озодӣ, 35 сол шарикӣ: чӣ ба даст омад?

Ҳамкории мо дар соҳаи фарҳанг низ густариш меёбад.  Дар давоми бисту панҷ соли дар доираи лоиҳаҳои Фонди сафирон барои...

Оё дар Моҳ шаҳр сохтан мумкин аст? Олимон ба захираи об шубҳа доранд

Бо вуҷуди пешрафтҳои ахир дар харитасозии сатҳи Моҳ барои арзёбии имкони бунёди шаҳрҳои моҳтобӣ, як таҳқиқоти нав интизориҳоро дар...

ProPublica: Умар Кремлёв як қисми хароҷоти тӯйи писари Трампро пардохт кардааст

Мақоми варзишии Русия ва олигарх Умар Кремлёв хароҷоти иҷораи ҷазираи хусусӣ ва оташбозӣ ё фейерверкро барои баргузории тӯйи Доналд...

Вазири фарҳанги Исроил хост шаҳрвандии ду коргардони барандаи «Оскар» бекор карда шавад

Вазири фарҳанги Исроил даъват кард, ки шаҳрвандии коргардонҳои исроилӣ Ювал Авраҳам ва Рейчел Сзор, барандагони ҷоизаи "Оскар", ки филми...
spot_imgspot_img

Чин барои кишварҳои БРИКС «минтақаи зеҳни сунъии дорои манбаи боз» таъсис медиҳад

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин рӯзи якшанбе дар нишасти кишварҳои БРИКС дар Деҳлӣ изҳор дошт, ки Чин ташкили...

Роҳпаймоии роботҳо дар Варшава. Онҳо чӣ мехостанд?

Дар Варшава 30 робот бо парчамҳо роҳпаймоӣ карда, дар назди Вазорати умури рақамии ин кишвар шиорҳо сар дода, аз...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад