БИЗНЕС-КЛУБҚарзҳои хурд барои ҷавонон бо 2,5% дар Қазоқистон

Қарзҳои хурд барои ҷавонон бо 2,5% дар Қазоқистон

-

Алмаато қабули дархостҳоро  аз ҷавонон барои қарзҳо хурд бо 2,5% идома медиҳад. 

Соҳибкорони ҷавон ва коргарони ҷавони аз 21 то 35-сола метавонанд барои гирифтани қарзи имтиёзнок муроҷиат намоянд.

«Дар доираи ин барнома дар Қазоқистон 28,9 миллиард танга ҷудо гардидааст, ки аз он 4,8 миллиард танга барои ҷавонони шаҳри Алмаато мебошад.», — гуфтааст сармутахассиси шуъбаи қарздиҳии ин шаҳр Қанат Омаров.

Маблағи қарзҳои хурд то 5 миллион танга бо мӯҳлати то 7 сол барои чорводорӣ ва то 5 сол барои дигар соҳаҳои тиҷорат пешбинӣ шудааст. 

Шарти ҳатмӣ мавҷудияти гарав мебошад. Ба сифати гарав молу мулки манқул ва ғайриманқул қабул карда мешавад. Дар сурати набудани гарав ба сифати гаравгир шахсони сеюм (падару модар, хешу табор ва ғайра)-ро ҷалб кардан мумкин аст.

Қарор дар бораи додани қарз аз ҷониби комиссияи махсуси дар назди ҳукумати шаҳр таъсисёфта қабул карда мешавад. Ба ҳайати комиссия вакилони Маҷлиси шаҳр, намояндагони сохторҳои давлатӣ, доираҳои соҳибкорӣ ва ВАО шомиланд.

Акс аз интернет

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Мактуби Раиси Комиссияи Аврупо ба сарвазири Испания

Пас аз афзоиши вуруди муҳоҷирон ба шаҳри Сеутаи Испания, раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен аз кишварҳои Иттиҳоди...

Муовини вазир: барои донишҷӯёне, ки дар чорабиниҳои фарҳангӣ ширкат мекунанд, шароит фароҳам оварда шудааст

Ҳомид Ҳошимзода, муовини якуми вазири маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, дар чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба 35-солагии истиқлоли Тоҷикистон ҷавонон,...

Натиҷаи бозии Регар-ТадАЗ» бо «Истиқлол»: 1:0

Дар доираи даври 13-уми Париматч-Чемпионати Тоҷикистон-2026 миёни дастаҳои Лигаи олӣ дастаи «Регар-ТадАЗ» рақобат сурат гирифт. «Регар-ТадАЗ» дар майдони худ...

Русия ва Беларус ба Чемпионати ҷаҳон оид ба хоккей-2027 роҳ наёфтанд

Шӯрои Федератсияи байналмилалии хоккей (IIHF) тасмим гирифт, ки дастаҳои мунтахаби Русия ва Беларусро ба Чемпионати ҷаҳон оид ба хоккей...
spot_imgspot_img

Мушовири калони президенти FIFA ба нишони эътироз истеъфо дод

Карлос Кордейро, мушовири калони президенти Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) Ҷанни Инфантино, ба нишони эътироз нисбат ба нақшаи фурӯши ҳуқуқҳои...

50 омӯзгор бо тренерони амрикоӣ таҷрибаи муосири таълимиро мубодила карданд

Аз 16 то 18 июли соли 2026 дар шаҳри Душанбе, бо ташаббуси Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, 50 омӯзгори барномаи...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад