НАВИДДучарха нақлиёти алтернативӣ дар Хатлон

Дучарха нақлиёти алтернативӣ дар Хатлон

-

Дучархасаворӣ аз ҳама бештар дар Вилояти Хатлон мушоҳида мешавад. Махсусан дар навоҳии атрофи минтақаи Бохтар-ноҳияҳои Дустӣ, Ҷиликӯл, Кӯшониён, Ҷ.Румӣ ва шаҳри Бохтар.

Дар навоҳии мазкур натанҳо мардон, ҳамчунин занону духтарон аз ин навъи нақлиёт истифода мекунанд.

Ин нақлиёт барои анҷоми корҳои хоҷагӣ, расидан ба мактабу масҷид, овардани халтаи орд аз мағоза хидмат мекунад.

Бо назардошти талабот соли 2019 дар минтақаи саноатии шаҳри Бохтар бунёди корхонаи истеҳсоли дучарха ба роҳ монда шуд, ки иқтидори солонаи истеҳсолии он 10 ҳазор дучархаи ҳаҷмаш гуногун аст.

Дучархасаворӣ машқи аҷибест, ки инсонро фаъол нигоҳ дошта, ба ташаккули тарзи ҳаёти солим кумак кунад. Инчунин дучархасаворӣ мушакҳои пойро қавӣ гардонида, ба онҳое, ки остеоартрит доранд, фоида мебахшад.

Дучарха (велосипед) тӯли 200 сол аст, ки ба сифати як навъи нақлиёт истифода мешавад. Азбаски дучарха ба муҳити атроф осеб намерасонад ва ба солимию тарғиби варзиш мусоидат намуда, бо Ҳадафҳои Рушди Устувори СММ (2015) мувофиқат мекунад, Ассамблеяи Генералии СММ моҳи апрели соли 2018 эълон кард, ки ҳамасола 3 июн- Рӯзи ҷаҳонии дучарха таҷлил гардад.  СММ ба такя ва тасдиқи хосият, таърихи тӯлонӣ ва гуногунҷабҳагии дучарха, ки як навъи нақлиёти содда, арзон ва боэътимод аст, пешниҳоди “Рӯзи ҷаҳонии дучарха”-ро дастгирӣ кард.

Гузашта аз ин, СММ кишварҳои узвро даъват мекунад, ки ба дучарха натанҳо ба сифати василаи солимии ҷисмонию рӯҳӣ ва некӯаҳволӣ, балки ба ташаккули фарҳанги велосипедронӣ дар ҷомеа эътибор диҳанд. Яъне, беҳтар кардани амнияти роҳ, аз ҷумла амалисозии сиёсат ва тадбирҳо оид ба ҳифз ва беҳтар намудани амнияти пиёдагардон ва дучархасаворонро давлатҳо бояд таъмин намоянд.

Бояд қайд кард, ки сиёсати оммавигардонии дучарха дар ҷаҳон муддатҳост амалӣ карда мешавад. Роҳҳои велосипедронӣ ва инфрасохтори мувофиқ ҷудо карда мешаванд, таваққуфгоҳи дучарха ташкил, низоми иҷораи дучарха ба роҳ монда мешавад.

Мутаассифона, ин раванд дар Тоҷикистон кунд рушд намуда, роҳҳои махсус барои дучархасаворон пешбинӣ нагардидааст.

Бахтиёр Комилов

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
1

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад