МУВАФФАҚИЯТРаиси вилояти Хатлон ба аёдати пиразани 110-сола рафт

Раиси вилояти Хатлон ба аёдати пиразани 110-сола рафт

-

Фотима Салимова дуо медиҳад

Имрӯз, 3 июн раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Cаид зимни сафари кориаш ба ноҳияи Темурмалик Фотима Салимоваи 110-соларо аёдат кард. Фотима Салимова дар Ҷамоати деҳоти Саидмуъмин Раҳимов (собиқ Ҷорубқул)-и ноҳияи Темурмалик зиндагӣ мекунад.

Ёдовар мешавем, ки раиси вилояти Хатлон ба муносибати Рӯзи модар низ ба ин пиразан армуғони идона фиристода буд. 

Фотима Салимоваи 110-сола дар Ҷамоати деҳоти Саидмуъмин Раҳимов (собиқ Ҷорубқул)-и ноҳияи Темурмалик зиндагӣ мекунад.

Ӯ 20-уми январи соли равон ба сини 110 солагӣ қадам ниҳода буд. Айни ҳол худро бардам эҳсос мекунад, озодона ҳарф мезанад, пайвандону атрофиёнашро мешиносад.

Ӯ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии қишлоқ фаъолият намуда, собиқаи беш аз 40-солаи корӣ дорад. Фотима соҳиби 3 фарзанд, 20 набера ва 75 абера буда, писари бузургаш аз олам чашм пӯшидааст. Писари дуюмаш Қарабой Гулаев 73-сола.

Фарзандон, наберагон ва аберагони Фотима Салимова дар атрофаш

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
2
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

То ҷашни 35-солагии истиқлоли давлат дар саросари кишвар ҳудуди 30 ҳазор иншоот бунёду азнавсозӣ мешавад

Дар саросари кишвар бунёду азнавсозии 29 518 иншооти таъйиноти гуногун то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба нақша гирифта шудааст....

Microsoft гурӯҳи ҳакерии Русияро ба ҳамлаҳо тавассути Wi-Fi-и меҳмонхонаҳо муттаҳам кард

Ширкати Microsoft аз як маъракаи ҳакерӣ хабар дод, ки ба инфрасохтори шабакаҳои Wi-Fi барои меҳмонон дар меҳмонхонаҳо ва марказҳои...

Roblox $70 миллиард арзиши бозории худро аз даст дод

Ширкати Roblox Corporation дар ҳисоботи семоҳаи худ эътироф кард, ки аз моҳи июли соли 2025 то моҳи июли соли...

Telegram барои муддати кӯтоҳ аз App Store ҳазф шуд

Паёмрасони Telegram барои муддати кӯтоҳ аз мағозаи барномаҳои App Store дар саросари ҷаҳон дастнорас гардид. Сабаб он будааст, ки...
spot_imgspot_img

Яндекс барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаи тиб ширкати алоҳида таъсис дод

Ширкати "Яндекс" барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ (AI) дар соҳаи тандурустӣ шахси ҳуқуқии алоҳидаеро бо номи "Яндекс мед" ба...

Мактуби Раиси Комиссияи Аврупо ба сарвазири Испания

Пас аз афзоиши вуруди муҳоҷирон ба шаҳри Сеутаи Испания, раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен аз кишварҳои Иттиҳоди...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад