ОЛАМИ МАҶОЗӢМуҳлати ҳабси муассиси Telegram тамдид шуд

Муҳлати ҳабси муассиси Telegram тамдид шуд

-

Дар Фаронса муҳлати ҳабси муассиси мессенҷери Telegram Павел Дуров тамдид гардид. Ин соҳибкор то 28 август дар боздоштгоҳ мемонад.

Дуров шоми 24 август ҳангоми пойин омадан аз ҳавопаймои шахсӣ дар фурудгоҳи Ле Буржеи Фаронса боздошт шуд. Соҳибкор аз Озарбойҷон ба ин кишвар меомад.

Пулиси Фаронса ба хабаргузории Reuters гуфт, ки ин соҳибкор ба саркашӣ аз ҳамкорӣ дар масоили ҷиноятҳои киберӣ ва молиявӣ дар Telegram муттаҳам мешавад. Онҳо илова карданд, ки Дуровро шӯъбаҳои миллии ҷиноятҳои киберӣ ва қаллобӣ тафтиш мекунанд.

Додситонӣ тавзеҳ дод, ки Дуров дар содир кардани 12 ҷиноят муттаҳам мешавад. Ӯ дар робита ба гумони ҷиноятҳои сершумори киберӣ бозпурсӣ мешавад.

Дар акс Юлия Морозова. Назди сафорати Фаронса, Маскав, 25 августи соли 2024. REUTERS

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
1
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Конститутсия — роҳнамои мо ба сӯи ҷомеаи ҳуқуқбунёд!

Конститутсия танҳо маҷмӯи моддаву меъёрҳои ҳуқуқӣ нест. Он санадест, ки ҳуқуқу озодиҳои моро ҳифз мекунад ва масъулияти ҳар яки...

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....
spot_imgspot_img

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад