Без рубрикиКиберсталкинг: тарсонидан, дарёфти маълумот ва идораи дигарон бо роҳи...

Киберсталкинг: тарсонидан, дарёфти маълумот ва идораи дигарон бо роҳи таҳдиду зуроварӣ

-

Киберсталкинг як шакли таъқиби онлайнӣ аст, ки дар он шахс интернет ё дигар воситаҳои электрониро барои таъқиб ва таҳдиди шахси дигар истифода мебарад.
Касонеро ки ба ин амал даст мезананд киберстолкер мегӯянд.
Ҳадафи киберстолкерҳо тарсонидан, масхара, чалби тавваҷуҳ, дарёфти маълумот, халалдор кардани амният ва идора кардани дигарон бо роҳи таҳдид зуроварӣ мебошад.
Барои пешгирии Киберсталкинг чӣ бояд кард?
1. Ҳангоми нашри маълумоти шахсӣ дар интернет эҳтиёт бошед, почтаи электронӣ, суроға ва рақами телефони худро дар интернет мубодила накунед.
2. Саҳифаҳои худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ рамзҳои қавӣ гузоред ва аутентификатсияи дуқабатаро фаъол созед.
3. Касонеро ки намешиносед дархости дӯстияшонро қабул накунед.
4. Агар шумо эҳсос кунед, ки касе шуморо таъқиб мекунад, ҳама ҳолатҳои таъқибро сабт ва ҳуҷҷатгузорӣ кунед.
Дар сурати дучор шудан ба киберстолкинг чӣ кор бояд кард?
1. Ба шахсе нишиносе ки бо шумо тамос мегирад дар бораи худ маълумот надиҳед.
2. Агар киберстолкер шубҳанок ва таҳдидомез бо шумо суҳбат кунад телефонро хомӯш кунед ва ба зангҳояш ҷавоб надиҳед. Пас аз кӯшишҳои беҷавоб ӯ аз кораш даст мекашад.
3. Агар рақамҳо махфӣ набошад, дар WhatsApp, Telegram ё дигар месенҷерҳо рақамашро дохил карда аз рӯи акс ё номаш шахсияташро муаян созед.
4. Аз киберстолкерҳо натарсед ва ба гуфтаи онҳо амал накунед.
5. Агар киберстолкер ба бехатарӣ, шаъну шараф ва обрӯи шумо таҳдид кунад ба мақомотҳои дахлдор шикоят кунед.
Боварӣ дорем, ки навори мо барои шумо муфид буд.
Рӯх додани чунин ҳолатҳо ба дигарон низ аз эҳтимол дур нест.
Бинобар ин, наворро ба дӯстону наздикони худ ирсол намоед то онҳо низ аз ин хатари интернетӣ огоҳ бошанд.
Аксҳо аз шабакаи интернет

 

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
1
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

250 сол озодӣ, 35 сол шарикӣ: чӣ ба даст омад?

Ҳамкории мо дар соҳаи фарҳанг низ густариш меёбад.  Дар давоми бисту панҷ соли дар доираи лоиҳаҳои Фонди сафирон барои...

Оё дар Моҳ шаҳр сохтан мумкин аст? Олимон ба захираи об шубҳа доранд

Бо вуҷуди пешрафтҳои ахир дар харитасозии сатҳи Моҳ барои арзёбии имкони бунёди шаҳрҳои моҳтобӣ, як таҳқиқоти нав интизориҳоро дар...

ProPublica: Умар Кремлёв як қисми хароҷоти тӯйи писари Трампро пардохт кардааст

Мақоми варзишии Русия ва олигарх Умар Кремлёв хароҷоти иҷораи ҷазираи хусусӣ ва оташбозӣ ё фейерверкро барои баргузории тӯйи Доналд...

Вазири фарҳанги Исроил хост шаҳрвандии ду коргардони барандаи «Оскар» бекор карда шавад

Вазири фарҳанги Исроил даъват кард, ки шаҳрвандии коргардонҳои исроилӣ Ювал Авраҳам ва Рейчел Сзор, барандагони ҷоизаи "Оскар", ки филми...
spot_imgspot_img

Чин барои кишварҳои БРИКС «минтақаи зеҳни сунъии дорои манбаи боз» таъсис медиҳад

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин рӯзи якшанбе дар нишасти кишварҳои БРИКС дар Деҳлӣ изҳор дошт, ки Чин ташкили...

Роҳпаймоии роботҳо дар Варшава. Онҳо чӣ мехостанд?

Дар Варшава 30 робот бо парчамҳо роҳпаймоӣ карда, дар назди Вазорати умури рақамии ин кишвар шиорҳо сар дода, аз...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад