НАВИДХатлон: сироятёбии бемории сил коҳиш ёфтааст

Хатлон: сироятёбии бемории сил коҳиш ёфтааст

-

Табибони силшинос дар Хатлон баҳри коҳиш додани бемории сил пайваста талош мекунанд.

Суҳроб Камолов, муовини директори Муассисаи давлатии маркази вилоятии бемории сили вилояти Хатлон мегӯяд, бемории сил табобатшаванда буда, ҳамеша мутахассисони соҳа алайҳи ин беморӣ мубориза мебаранд. Ба гуфтаи ӯ, тайи ду соли ахир дар миқёси вилоят гирифторшавӣ ба бемории сил кам гардидааст.

Ба иттилои ӯ, дар 25 шаҳру навоҳии вилояти Хатлон Марказҳои зидди сил бо тамоми шароити муосири тиббӣ таъмин буда, фаъолияти густурда ба роҳ мондаанд. То чанд соли пеш бо сабаби набуди чунин марказҳо беморони гирифтори сил барои табобат ба шаҳри Душанбе ва шаҳри Ваҳдат, хусусан ба беморхонаи Шифо “Мачитон” мерафтанд.

Мавсуф қайд кард, ки барои рафъи бемории сил шахсони бемор бояд табобати дурусти саривақтиро анҷом диҳанд. Табобат бояд бетанаффус ва на камтар аз 6 ё 8 моҳро дар бар гирад. Аз тарафи созмонҳои умумиҷаҳонӣ ва ҳукумати мамлакат баҳри пешгирии бемории сил тадбирҳои муассир андешида мешавад.

“Ҳамасола аз ҷониби созмонҳои ҷаҳонӣ дастгоҳҳои муосири тиббӣ ва доруҳои зиёд ба марказҳои зидди силии вилоят дастрас мегардад. Табобати бемории сил пурра ройгон мебошад. Аммо бархе ба хотири тамғагузорӣ нашудан, бемор буданашро ошкор намекунад, ҳато ба духтур низ муроҷиат намекунад. Чунин амалал бар зарари онҳо мебошад,”-гуфт С. Камолов.

Бояд гуфт, ки Муассисаи давлатии маркази вилоятии бемории сили вилоят бо таҷҳизоти муосири тиббӣ муҷаҳаз буда, беморон дар шароити хуб ба табобат фаро гирифта шудаанд. Имрӯз дар анборҳои марказҳои зидди силии шаҳру ноҳияҳо доруҳои зиддисилӣ нигоҳ дошта шудааст.

Камолов мегӯяд, табобати сил тӯлонист, яъне на кам аз 6 моҳ ва ҳатман бо истифода аз 4-5 намуд дорӯи зиддисилӣ. Кӯдакони бо бемори сил ҳамнишинбуда бояд ҳатман аз муоинаи тиббӣ гузаронида шаванд. Дар ҳолати набудани сили фаъол, ба онҳо табобати пешгирикунандаи кимиёпрофилактикӣ ба мудати 6 моҳ гузаронидан шарт ва зарур аст.

         “Дар ин сурат, пас аз 2-3 моҳи табобати фаъол, микробхориҷкунӣ қатъ шуда, беморон барои атрофиёни хеш бехатар мегарданд. Вале барои пурра шифо ёфтан давоми 4 ё 5 моҳи дигар табобати кӯмакрасон гирифтани беморон шарт ва зарур мебошад,”-илова кард Суҳроб Камолов.

Ба гуфтаи табибони силшинос ба варзиш машғул шудан, хӯрокҳои серғизо истеъмол намудан, зуд-зуд ҳавои дохили хонаро иваз намудан, инчунин, ашёи хонаро тоза кардан аз роҳҳои хуби пешгирии бемории сироятии сил мебошад

Аз Муассисаи давлатии маркази вилоятии бемории сили вилояти Хатлон гуфтанд, ки дар соли 2020, 1 ҳазору 523 шахси бори аввал гирифторшудаи бемории силро ба қайд гирифтаанд, ки нисбат ба соли 2019-ум 400 нафар кам мебошад.

                                                                                            Амонҷон Муҳиддинов

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Telegram барои муддати кӯтоҳ аз App Store ҳазф шуд

Паёмрасони Telegram барои муддати кӯтоҳ аз мағозаи барномаҳои App Store дар саросари ҷаҳон дастнорас гардид. Сабаб он будааст, ки...

Яндекс барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаи тиб ширкати алоҳида таъсис дод

Ширкати "Яндекс" барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ (AI) дар соҳаи тандурустӣ шахси ҳуқуқии алоҳидаеро бо номи "Яндекс мед" ба...

Мактуби Раиси Комиссияи Аврупо ба сарвазири Испания

Пас аз афзоиши вуруди муҳоҷирон ба шаҳри Сеутаи Испания, раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен аз кишварҳои Иттиҳоди...

Муовини вазир: барои донишҷӯёне, ки дар чорабиниҳои фарҳангӣ ширкат мекунанд, шароит фароҳам оварда шудааст

Ҳомид Ҳошимзода, муовини якуми вазири маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, дар чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба 35-солагии истиқлоли Тоҷикистон ҷавонон,...
spot_imgspot_img

Натиҷаи бозии Регар-ТадАЗ» бо «Истиқлол»: 1:0

Дар доираи даври 13-уми Париматч-Чемпионати Тоҷикистон-2026 миёни дастаҳои Лигаи олӣ дастаи «Регар-ТадАЗ» рақобат сурат гирифт. «Регар-ТадАЗ» дар майдони худ...

Русия ва Беларус ба Чемпионати ҷаҳон оид ба хоккей-2027 роҳ наёфтанд

Шӯрои Федератсияи байналмилалии хоккей (IIHF) тасмим гирифт, ки дастаҳои мунтахаби Русия ва Беларусро ба Чемпионати ҷаҳон оид ба хоккей...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад