БИЗНЕС-КЛУБКорхонаҳои либосдӯзӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба муштариҷӯӣ мепардозанд

Корхонаҳои либосдӯзӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба муштариҷӯӣ мепардозанд

-

Ширкатҳои нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон дар як барномаи дарсӣ доир ба пешбурд ва фурӯши онлайни маҳсулот тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ иттилоъ ба даст оварданд. Дар ин самт ба онҳо Екатерина Дивеева, мутахассиси варзидаи ширкати “Fashion Consulting Group”-и шаҳри Маскав кумак кард. Коршинос Екатерина Дивеева чӣ гуна ба платформаи муфид барои соҳибкории хурду миёна ҷиҳати муаррифии брендашон ва афзоиши фурӯши маҳсулоташон табдил гардидани шабакаҳои иҷтимоӣ ёрӣ намудааст. Ин давраи омӯзишӣ рӯзҳои рӯзҳои 18-21 октябр дар Душанбе ҷараён дошт.

Дар доираи ин барнома ширкаткунандагон бо равандҳои навтарин дар пешбурду фурӯшҳои онлайнӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ бо таваҷҷуҳ ба шабакаҳои иҷтимоие, ки миёни тоҷикистониён маъруфанд, ба мисли Инстаграм, Фейсбук, Тик Ток ва Телеграм шинос шуданд. Онҳо, ҳамчунин, бо нақши шабакаҳои иҷтимоӣ дар пешбурди тиҷорат ва беҳтар намудани имиҷи ширкат ошно шуда, бунёди саҳифаҳои касбӣ бо истифода аз воситаҳои замонавии ҷалби муштариро омӯхтанд.

Саидмӯъмин Камолов, раҳбари дафтари МТБ дар Тоҷикистон, бар ин бовар аст, ки ин маълумоту дониш ба корхонаҳои тоҷик барои ҳамроҳ гардидан ба равандҳои рақамӣ ва баҳрабардорӣ аз онҳо имкониятҳои нав фароҳам меорад. Ӯ илова мекунад: “Мунтазири натиҷаҳои аввалини ин ибтикор ҳастем. Бо мусоидат ба рушди касбии корхонаҳо мо маҳсулнокӣ, сифат ва даромади онҳоро баланд мебардорем”.

Ширкатҳои тоҷик боз кардани саҳифа дар шабакаҳои гуногуни иҷтимоӣ ва эҷоду мудирияти сафҳаҳои ҷолибу самаранокро омӯхтанд. Ин саҳифаҳои иҷтимоӣ, ҳамчунин, бо абзорҳои молиявӣ муҷаҳҳазанд, ки ба ширкатҳо ҷиҳати фурӯшҳои онлайнӣ ёрӣ медиҳад. Дар асри тиҷорати рақамӣ ширкатҳои дӯзандагии Тоҷикистон низ омодаи пешниҳоди имкониятҳои онлайнӣ ба муштариёнашон мебошанд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Роскомнадзор: YouTube дархости моро сарфи назар кард

Шабакаи YouTube сарфи назар аз талаботи Роскомнадзор, беш аз 60 ҳазор маводро, ки ин ниҳод ғайриқонунӣ медонад, ҳазф накарааст....

CAFA-2024: Эрон медали тиллоро соҳиб шуд

Championship CAFA 2024 байни дастаҳои занонаи то 18-сола ба поён расид. Дувумин мусобиқаи имсола таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи...

Vivo X100s-ро тавонотарин смартфон меҳисобед?

Vivo X100s тавонотарин телефон дар назарсанҷиҳои чанд ширкат дониста шудааст. Маҳсулоти нав бо эҳтимоли зиёд нимаи аввали соли 2024...

Истеҳсоли Nokia 220 4G

Ширкати HDM дар Чин телефони нави тугмадори Nokia 220 4G 2024-ро муаррифӣ кард, ки USB Type-C дорад.  Nokia 220 4G...
spot_imgspot_img

Соҳибкории иҷтимоӣ. Аз маҳбус то бехонумон гуруҳи осебпазиранд

Дар Тоҷикистон лоиҳаи қонун “Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ” таҳия мешавад, ки ҳадаф аз қабули он дастгирӣ ва рушди соҳибкории...

Бори аввал. Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт

Мунтахаби миллии Тоҷикистон оид ба футзал таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов дар даври 1/4 ниҳоии Ҷоми Осиё тими миллии Афғонистонро...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад