БИЗНЕС-КЛУБЮлдуз дар як ноҳияи дурдаст бо бренди худ ба...

Юлдуз дар як ноҳияи дурдаст бо бренди худ ба майдон омад (Видео)

-

Ялдуз бо бародараш

Юлдуз Пардаева ягона соҳибкор дар ноҳияи дурдасти вилояти Хатлон-Носири Хусрав аст, ки истеҳсоли маҳсулоти ширӣ, аз қабили қаймоқу сметана ва қурутро ба роҳ мондааст. Маҳсулоти корхонаро бо исми хеш-«Юлдуз» банду баст карда, ба бозор арза мекунад. 

Сметанаи «Юлдуз» аз ҷиҳати экологӣ тоза ва бо технологияҳои муосир коркард шуда, дастраси харидорон мегардад.

Юлдуз Пардаева 30 сол дорад. То соли гузашта дар яке аз муассисаҳои таълимии ноҳия аз фанни забони русӣ дарс мегуфт. Бо кумаку дастгирии падар рӯ ба соҳибкорӣ овард. Аксарияти мардуми дурдасти ноҳияи Носири Хусрав аз ҳисоби кишоварзию чорводорӣ рӯзгори хешро таъмин мекунанд. Дастрасӣ ба шир барои Юлдуз Пардаева мушкил нест.

Феълан Юлдуз дар як рӯз то 300 литр ширро аз сокинони деҳот харидорӣ мекунад. Фасли баҳору тобистон, ки чорвои мардум ба саҳро мебарояд, корхонаи Юлдуз 500 литр  ширро коркард мекунад.

«Аз 300 литр шир 15 кг қаймоқ, 80 литр сметана ва як миқдор чакка ба даст меорем. Тариқи таҷҳизоти махсус аз чакка қурут омода карда, дар бозору мағозаҳо мефурӯшем. Як кг қурутро 30 сомонӣ пешниҳод мекунем.»,-нақл кард Юлдуз.

Ноҳияи Носири Хусрав гармтарин минтақа дар вилояти Хатлон аст, ки ҳарорати он дар фасли тобистон ба 50 дараҷа мерасад. Ба роҳ мондани коркарди маҳсулоти ширрӣ дар ин ноҳия осон нест. Вале Юлдуз Пардаева мегӯяд, падараш дар доираи як бурсия аз шарикони рушд соҳиби нуқтаи қабули шир гардид.

Мусоҳиби мо мегӯяд, дар аввал харидори маҳсулоташ хеле кам буд. Вале ӯ рӯҳафтода нашуд, балки барои зиёд шудани мизоҷонашон талош кард. Акнун маҳсулоти истеҳсолшудаи «Сметана Юлдуз» «Қурути Юлдуз» дар мағозаҳои ноҳияҳои Носири Хусраву Қубодиён фурӯхта мешавад.

«Дар баробари ману бародарам боз 3 зани хонашинро ба кор таъмин кардам. Як қутии сметанаро дар мағозаҳо 4 сомонӣ мефурӯшам. Харидораш хуб аст, фурӯшандаҳо зуд-зуд фармоиш медиҳанд. Дар ноҳия ягона нафаре ҳастам, ки истеҳсоли маҳсулоти ширриро ба роҳ мондаам.»,- мегӯяд ин соҳибкорзан.

Гулчеҳра Узоқова дар ноҳияи Носири Хусрав соҳиби мағозае ҳаст, ки маҳсулоти истеҳсолшудаи  корхонаи Юлдузро мефурӯшад. Ин мағозадор таъкид мекунад, ки қаймоқу сметанаи «Юлдуз» нисбатан арзон дастрас гардида, аз ҷиҳати экологӣ тоза ва тамъаш фарқунанда аст.

Ба қавли Юлдуз, ин тиҷорат аз як тараф барои боло бурдани иқтисодиёти хонавода кумак мекунад, аз тарафи дигар қимати маҳсулотро дар минтақаи онҳо коҳиш дода, воридоти маҳсулотро аз хориҷ коҳиш медиҳад.

Акнун Юлдуз Пардаева ният дорад, ки иқтидори маҳсулоти коргоҳашро зиёд намуда на танҳо мағозаҳои ноҳияҳои атрофро, балки шаҳрҳои Бохтару Душанберо низ таъмин намояд.

Амонҷон Муҳиддинов

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
1
+1
4
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад