Таҳсилоти фарогир равандест, ки кӯдакони дорои маъюбият дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо ҳамсолони дигари хеш якҷо барномаҳои таълимиро меомӯзанд. Ҳадафи таҳсилоти фарогир таъмини дастрасии кӯдакони дорои ниёзҳои махсус ба таҳсили босифат, мутобиқшавии ниҳоӣ ва иҷтимоии онҳо дар ҷомеа дониста мешавад.
Сайфулло Раҳматов, муовини сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд иттилоъ дод, дар соли таҳсили 2023-2024 дар вилоят 1951 кӯдаки дорои маъюбият дар мактаб-интернатҳо, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва ба таври таҳсил дар хона фаро гирифта шудаанд.
«Дар 14 мактаб-интернати вилоят 1236 тарбиятгиранда, ки ташхис ва вазъи гуногуни оилавӣ доранд, ба таҳсил ҷалб шудаанд. Бештари кӯдакони дорои талаботи махсус, ки аз шаҳру навоҳии мухталифи вилоятанд, дар Мактаб-интеренат барои кӯдакони ношунаво ва шунавоиашон сусти ба номи Тӯхтабой Ғаффоров дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Мактаб-интернати махсус барои бачагони қувваи босираашон суст ва зарир дар шаҳри Исфара, Мактаб-интернати санатории № 40 – и шаҳри Конибодом, Мактаб-интернати давлатии шаҳри Хуҷанд ба номи Сироҷиддин Тоҷибоев ва Маҷмааи (Комплекси) кӯдакистон-мактаби махсус барои кӯдакони қувваи босираашон суст ва нобинои шаҳри Хуҷанд таҳсил дорнад.», -иттилоъ дод муовини сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд.
Ҳамзамон, дар соли таҳсили ҷорӣ дар вилоят 715 ӯдаки дорои ниёзҳои махсус дар муассисаи таҳсилоти умумӣ ҳамроҳи ҳамсолони хеш таҳсил доранд. Насимҷон Тошматов хонандаи синфи 5 – уми МТМУ № 27-и Ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошад. Ӯ дорои ниёзи махсус аст. Ҳаракати пой ва дасташ нуқс дошта, бо мушкилӣ роҳ мегардад. Ин махсусият боис нашуд то аз таҳсил дур монад. Омӯзгор Фарида Бобоҷонова масъулияти роҳбарии синфе, ки дар он қаҳрамони мо мехонад, бар дӯш дорад. Вай мегӯяд, шогирдаш Насимҷон дар синф хонандаи пешсаф ва намунаи ибрат барои дигарон аст.
«Тӯли як сол боз роҳбарии ин синфро бар уҳда дорам. Дар вақти начандон тӯлонӣ дарк кардам, ки Насимҷон Тошматов аз дигарон бо талаботи махсуси худ фарқ мекунад. Хушрафтору хушгуфтор аст. Ӯро барои хушхат буданаш ҳам борҳо дар синф таъриф кардаам, зеро, ҳусни хаташ хеле зебост, сарфи назар аз он, ки дасташ низ каме нуқс дорад. Боз медонам, ки фанҳои ботаника ва забонҳои русию англисиро бештар дӯст медорад. Қобилияти хуби шеърҳифзкунӣ низ дорад. Ҳис мешавад, ки вай бе мушкилӣ ба мактаб равуо дорад. Дар дарсҳо фаъол аст, чунки хушзеҳн аст. Дар ҷараёни дарсҳо омӯзгорон мефаҳманд, ки Насимҷон худро бо ҳамдарсонаш баробар медонад. Яъне, мекӯшад, то мисли онҳо фаъол ва серҳаракат бошад.», — гуфт омӯзгор Фарида Бобоҷонова.
Зуҳро Холзода, мудири кафедраи методикаи таълим дар муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзиии кормандони соҳаи маориф перомуни як мушкилӣ, ки дар самти таҳсилоти фарогир ҷой дорад, изҳори нигаронӣ мекунад. Вай амали бархе волидонро, ки бар зарари ояндаи фарзандони ниёзҳои махсусдошта кор мекунанд, интиқод мекунад:
— Бепарвоӣ нисбат ба таълиму тарбия аз тарафи волидайн, аз тараф онҳо пинҳон кардани кӯдакони ниёзҳои махсусдошта, сари вақт ба мутахассисони соҳаҳои маориф ва тандурустӣ муроҷиат накардани волидайн, ки кӯдаки талаботи таълимаш махсус доранд, боис мешавад, ки чунин кӯдакон аз таҳсилоти миёнаи умумӣ дар канор монанд.
Дар дигар ҳолат, аксари волидон талош бар он доранд, ки кӯдаки дорои маъюбияташон ба таҳсил пурра фаро гирифта шаванд. Иҷтимоишавии онҳо муваффақона бошад. Масалан, модари Насимҷон Тошматов аз зумраи чунин волидон аст. Назира Негматоваи 42-сола аз он шодӣ мекунад, ки фарзанди хурдияш Насимҷон бо хоҳиши зиёд ҳар рӯз ба мактаб меравад. Дар аввал писаракаш дамдузд буд. Вале имрӯз фаъол шудаасту фикрашро мустақилона дар саҳна ва ҷамъият баён карда метавонад. Назира ин дастоварди писарашро аз саривақт муроҷиат кардан ба Ташкилоти ҷамъиятии “Рангинкамон” медонад. Зеро, дар ин ҷо кӯдакаш ба машғулияти инфиродӣ ва гурӯҳӣ ҷалб шуд, ҳамзамон, худаш низ дар омӯзишҳои муфид барои волидони кӯдаки махсусдошта, ки ташкилот доир кардааст, баҳра бурд. Дар доираи лоиҳаи “Театри инклюзивӣ” ба Насимҷон муяссар шуд, ки дар чанд намоишнома нақшҳои ҷолибро иҷро кунад.
«Ҳар рӯз аз мактаб хурсанд омадани Насимҷон маро хушбахт мекунад. Вай барои бо мушкил роҳгардӣ бисёр вақт рӯҳафтода мешуд. Ҳамеша худро тасалло медодам, ки қадамзанияш душвор бошад ҳам, лекин зеҳну фикронияш хуб аст. Дар машғулияту омӯзишҳо ширкат варзида, якҷо рушд карда истодаем. Писарам аз фаннҳои табиатшиносӣ, забони тоҷикӣ ва русӣ бештар баҳо гирифта меояд. Аз ин худаш ҳам хурсанд мешавад. Вай дар намоишҳои лоиҳаи “Театри инклюзивӣ” – и Ташкилоти “Рангинкамон” нақшҳо офарида, боварияш ба худаш зиёд шуд. Боре аз ҳисоби дар ҳавои гарм ба бар кардани либоси ғафси саҳнавӣ камтар нотоб гардида буд. Масъулони саҳна нақшашро ба зиммаи кӯдаки дигар гузошта буданд. Насимҷон пас аз чанд вақт ба худ омада, барои аз иҷрои нақш муваққатан дур шудан руҳафтода шуд. Дар чунин намоишномаҳо ҳамеша нақш бозидан мехоҳад. Ҳар бор баъди нақшофарӣ мегӯяд, ки актёр шуданӣ аст. Боз рӯзи дигар аз мактаб омада, бо ҳавас мегӯяд, ки корманди миллитсия мешавад.», — бо ҳаяҷон нақл кард модари қаҳрамони мо.
Хиромон Абророва, равоншинос ва ҳамоҳангсози лоиҳаҳои ТҶ “Рангинкамон” зимни суҳбат гуфт, Насимҷон Тошматов дар оғози лоиҳа, ки нав ба сафи кӯдакони дорои ниёзҳои махсус пайваст, кӯдаки орому шармгин буд. Ҳангоми тамрини саҳнаҳо бо дигар кӯдакон унс гирифт, дӯстони нав пайдо кард. Дар ҷойҳои ҷамъиятӣ худро озод ҳис мекунад.
«Вақте ҳамсабақонаш фаҳмиданд, ки Насимҷон дар саҳнаи театр ҳамчун актёр нақш иҷро мекунад, таваҷҷуҳ ва эҳтиромашон ба ӯ бештар гардид. Дар рӯзи нахустнамоиши саҳнаи “Бузичаи ҳисобдон” аксари ҳамсинфонаш бо гулдастаҳо ӯро табрик карда буданд. Дар маҷмӯъ, Насимҷон бо дастгирии ҷомеа, алалхусус, волидайн тавонист собит кунад, ки имконияти ӯ маҳдуд нест. Ӯ ҳам метавонад ҳангоми фароҳам овардани шароити мувофиқ ба дастовардҳои назаррас ноил шавад ва дар оянда мавқеашро дар ҷамъият пайдо кунад.», — шарҳ дод ин мутахассис.
Айни суҳбат кардан бо Насимҷон Тошматов огоҳ шудем, ки ӯ бо ҳамсабақон футбол бозӣ мекунад ва бештар дар майдон ҳимоятгари дастаашон аст.
«Ҳар рӯз каме барвақт ба дарс меоям. Бо ҳамсинфон дар саҳни мактаб дар бораи бозиҳоямон маслиҳат мекунем. Бо ҳамаи ҳамсинфон ошно ҳастам. Дӯсти ҷониям Мирзоабдулло аст. Дар мактаб фанҳои ботаникна, забонҳои модарӣ, русӣ англисӣ, математика ва боз тарбияи ҷисмониро нағз мебинам. Дар дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ бо бозии шашка, баскет ва футбол бозӣ мекунем. Ба ман аз ҳама бештар футбол писанд аст. Дар ҳама бозиҳо ҳимоятгари даста мебошам. Ба наздикӣ намоиши “Бузичаи ҳисобдон” боз намоиш дода мешавад. Ман нақши бузичаро, ки бо ҳисобдонӣ аз дигар ҷонварон фарқ дорад, мебозам.», — қисса кард Насимҷон.
Барои кор дар синфҳои таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ) муаллимон дар курсҳои махсуси омодагӣ мехонанд. Сайфулло Раҳматов, ноиби сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд дар истинод ба низомномаи таҳсилоти фарогир дар кишвар афзуд, ки барои кор дар соҳаи таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ) муаллимоне интихоб карда мешаванд, ки дорои таҳсилоти касбии мувофиқ ба талаботи тахассусӣ оид ба вазифа ва ихтисоси гирифташудаи тасдиқгардида оид ба таҳсил бошанд. Мутахассисон бояд асосҳои психологияи махсус ва педагогикаи ислоҳӣ (коррексионӣ), усулҳои кори таълиму тарбияи ислоҳӣ (коррексионӣ), дар шакли ҳатмӣ ба амал баровардани талаботи принсипҳои муносибатҳои дидактикӣ ва дифференсиалӣ, характери айёният, характери таълими айёнӣ ва амалиро донанд.
Соли равон беш аз 140 донишҷӯ аз рӯи ихтисосҳои олигофренопедагогика ва логопедияи факултети психалогия ва таҳсилоти томактабӣ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро хатм карданд. Гуфта мешавад, хатмкунандагони ин ихтисосҳо ба муассисаҳои махсус барои фаъолият равона гардиданд. Тавре муаллимаи кафдераи педагогика ва психалогияи томактабӣ Сабоҳатхон Зоҳидова гуфт, барои таъсирбахшу самаранок гузаронидани дарсҳои амаливу назариявии донишҷӯён дар назди кафедра озмоишгоҳҳои “Рушди барвақтии кӯдак”, “Ташхис ва баҳогузории психологӣ-педагогии кӯдак” беш аз 1 сол аст, ки фаъол мебошад.
«Дар ин ҷо устодону донишҷӯён, ки оянда мутахассиси нутқшинос мешаванд, машғулияти илмиву амалӣ доир мекунанд. Маҳфили “Нигоҳи баробар” дар ин утоқҳо доир мешавад, ки донишҷӯён дар он хеле фаъоланд. Дар ин ҷо бо ёрии асбобҳо ва аёнияти махсус ба рафтору кирдори кӯдакон аз ҷиҳати психологӣ ва ҳам педагогӣ баҳо дода, ташхис мегузорем. Ташхис маълум шуд, самти корбарии мутахассис ва волидонро муайян мекунад. Масалан, аз рӯйи ҷадвали муқаррарии инкишофи кӯдак (аз 3-моҳа то 5-сола) ташхис гузаронида, ба хулоса омадан мумкин аст, ки рафтори вай ба кадом синну сол мувофиқат мекунад. Боз донишҷӯён дар самти инкишофи нутқи кӯдакони синни томактабӣ машғулияти амалии омӯзишӣ мегузаронанд. мешавад. Волидони кӯдакони дорои маъюбият метавонанд, ки ба ин озмоишгоҳ муроҷиат кунанд. Устодони мо дар асоси ташхисҳо ба волидон дар шароити хона чӣ гуна кор кардан бо кӯдаконашонро меомӯзонанд.», — илова кард Сабоҳатхон Зоҳидова.
Дар мисоли қаҳрамони мо Насимҷон метавон гуфт, хонандагони дорои ниёзҳои махсус бемор нестанд, танҳо аз рӯйи имконияту қобилият аз дигарон фарқ мекунанд. Волидайну омӯзгор ва ҳукумату давлат ҳам аз онҳо интизорӣ дорад, ки аз имконоти дастрасии таҳсилот истифода бурда, дар оянда ному нон ёбанд.
Файзуллохон Обидов