МУВАФФАҚИЯТ20 барномаи мобилии "пурхӯр"-и энергия. Фейсбук №1

20 барномаи мобилии «пурхӯр»-и энергия. Фейсбук №1

-

Таҳқиқотро Artezio барои gazeta.ru анҷом додааст

Кадом барномаҳо батареяи телефони шуморо бештар холӣ мекунанд ва шумо чӣ кор бояд анҷом диҳед.
Artezio замимаҳои мобилиеро, дар Android ва iOS номбар кард, ки бештар энергея талаб мекунанд.
Мутахассисони Artezio дар натиҷаи тадқиқот 20 барномаи мобилии аз ҳама энергияталабро дар Android ва iOS муайян карданд.

Барои сарфаи батареяи смартфони худ аз кадом барномаҳо худдорӣ кардан лозим аст ва чӣ бояд кард то энергия дар пеши назари шумо «нест нашавад».
Коршиносони шӯъбаи таҳияи замимаҳои мобилии Artezio омӯзиши ҳамаҷонибаи масрафи энергияи замимаҳои машҳури мобилиро анҷом дода, рӯйхати барномаҳои аз ҳама серхарҷи энергияро тартиб доданд. 

Дар маҷмӯъ, зиёда аз сад барномаҳои маъмул санҷида шуданд. Коршиносон таҳқиқотро дар Apple ва дастгоҳҳои Android анҷом доданд.

Дар ҷадвал мақоми аввалро шабакаи иҷтимоии Фейсбук гирифтааст. Instagram ва Snapchat дар мақоми дуюм ва сеюм қарор гирифтаанд.

TikTok, YouTube, Google Maps, Uber ва Netflix дар зинаҳои баъдӣ, паёмрасони WhatsApp дар ҷои нӯҳум ва дар ҷои даҳум Skype қарор гирифтааст. Ба 20-гона Teams Microsoft, Zoom, Twitter, Gmail, Google Chrome, Amazon, LinkedIn, Pinterest, Spotify ва Adobe Photoshop Express дохил мешаванд.

Барномаҳои смартфон метавонанд бо якчанд сабаб қувваи зиёдро истифода кунанд. Масалан, агар замима фаъол бошад, протсессор кор мекунад ва барои навсозии мундариҷа ё интиқоли маълумот ба Интернет дастрасӣ пайдо мекунад. Илова бар ин, бисёре аз барномаҳо ҳатто ҳангоми истифода нашудан метавонанд фаъол бошанд.

Системаҳои оператсионии мобилӣ одатан механизмҳои танзими истеъмоли нерӯи барномаҳоро доранд. Масалан, вақте ки барнома истифода намешавад, система метавонад ба таври худкор вазифаҳои замимаро таваққуф кунад то истеъмоли қувваи барқро кам кунад.

Системаи оператсионӣ инчунин метавонад ба таври худкор кори протсессорро суст кунад ё агар лозим бошад, барои кам кардани истеъмоли нерӯи барқ ​​барномаҳоро аз дастрасии шабака маҳдуд намояд.

Таҳқиқгарони Artezio қайд мекунанд, барномаҳо ба мисли Kindle, iBooks экранҳои равшанро истифода мебаранд ва қувваи зиёдеро сарф мекунанд. Инчунин бозиҳои мобилӣ бо графикаи баландсифат, аз қабили Fortnite, PUBG низ дар гурӯҳи замимаҳои «пурхӯр» шомиланд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
1
+1
2
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад