БОЛҚанноди тоҷик дар Олмон. Барои унвони "chef" талош дорад

Қанноди тоҷик дар Олмон. Барои унвони «chef» талош дорад

-

Малика дар коргоҳ бо намунаи маҳсулоти нонӣ ва қаннодӣ

Малика Боймирзоева пас аз хатми мактаби махсус, ки бо барномаи “Ausbildung” шинохта мешавад, дар як ширкати маъруфи қаннодии Олмон ба кор пардохт.

Ӯ мегӯяд, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм карда, сипас ба Душанбе омад. Дар пойтахт оиладор шуд. Ҳамсараш барои кор ба Олмон даъват карданд. Пас аз чанде Малика низ ба ин кишвар омад. Панҷ моҳ забон омӯхт ва бо барномаи “Аusbildung” ба мактаби махсуси касбомӯзӣ шомил шуд. Ӯ қаннодиро бисёр дӯст медошт ва ин ҳунарро омӯхт.

“Асосан мактаби махсус 3-сола аст. Лекин ман пештар дарсҳоро аз худ карда, имтиҳонҳоро супурдам. Ҳафтае ду рӯз дарс мехондам ва 3 рӯз дар ширкати қаннодӣ фаъолият мекардам. Пас аз хатми давраи касбомӯзӣ расман ба кор шурӯъ кардам.”, — гуфт Малика.

Малика соҳибкасб гардид

Малика дар ширкате фаъолият дорад, ки 45 намояндагӣ дар Олмон ва беш аз 800 коргар дорад.

«Дар ин ҷо навъҳои гуногуни шириниҳо ва нон мепазем. Аввал кор душвор буд, Акнун аз корам лаззат мебарам.», — илова кард ӯ.

Малика ният дорад, ки дар ин ширкат устод шуда, ба таҷрибаомӯзон ин ҳунарро омӯзонад.

Ба наздики такмили ихтисос меравад то ки унвони «chef»-ро бигирад.

«Барои гузаштан аз такмили ихтисос ва гирифтани ин унвон бояд 15 ҳазор евро пардозӣ, вале роҳи дигар ҳам ҳаст, ки ин маблағро давлат мепардозад. Хушбахтона, ман аз ин роҳ ба такмили ихтисос меравам.»,- афзуд Малика.

Ин шириниҳоро Малика таҳия кардааст

Ин бону дар Олмон корхонаи қаннодии хешро таъсис доданист. Ҳар нафаре, ки унвони «chef»-ро надорад барои бунёди корхона ҳақ надорад.

Малика пас амали кардани ин орзӯяш дар Олмон дар Тоҷикистон низ ширкати худро таъсис медиҳад. Мо низ дар ин роҳ ба ӯ тавфиқ ва барор мехоҳем.

Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
5
+1
6
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
1

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Русия ва Беларус ба Чемпионати ҷаҳон оид ба хоккей-2027 роҳ наёфтанд

Шӯрои Федератсияи байналмилалии хоккей (IIHF) тасмим гирифт, ки дастаҳои мунтахаби Русия ва Беларусро ба Чемпионати ҷаҳон оид ба хоккей...

Мушовири калони президенти FIFA ба нишони эътироз истеъфо дод

Карлос Кордейро, мушовири калони президенти Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) Ҷанни Инфантино, ба нишони эътироз нисбат ба нақшаи фурӯши ҳуқуқҳои...

50 омӯзгор бо тренерони амрикоӣ таҷрибаи муосири таълимиро мубодила карданд

Аз 16 то 18 июли соли 2026 дар шаҳри Душанбе, бо ташаббуси Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, 50 омӯзгори барномаи...

Омӯзгор ҳаққи фурӯши либоси мактабиро надорад!

Либосҳои тавсиявиро Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон пешниҳод мекунад, ки бояд дар муассисаҳои олӣ ва макотиби таҳсилоти миёна илмомӯзон...
spot_imgspot_img

Apple Pay расман дар Тоҷикистон фаъол шуд

Истифодабарандагони дастгоҳҳои Apple дар Тоҷикистон акнун метавонанд пардохтҳои худро бидуни истифодаи кортҳои пластикӣ анҷом диҳанд. 28 июли соли 2026...

Grok достони ҳамосавии «Одиссея»-и Ҳомерро эҷод мекунад

Grok Imagine, ки аз ҷониби ширкати xAI таҳия шудааст, то охири соли 2026 филмеро бар асоси достони ҳамосавии "Одиссея"-и...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад