ЗАБОНОМӮЗӢҶаҳонгир бо риёзидонӣ ва дигар истеъдодҳояш маъруф мегардад

Ҷаҳонгир бо риёзидонӣ ва дигар истеъдодҳояш маъруф мегардад

-

Ҷаҳонгир Рабиеви 21-сола бо истеъдоди фавқулодааш дигаронро мутаҳайир карда, наворҳояш дар фазои интернет паҳн мегарданд.

Ӯ қобилияти зеҳнии аҷиб дорад. Дар муддати кутоҳ тамоми ададҳоро бо 4 амали математикӣ ҳисоб мекунад. Номи пойтахтҳои аксари кишварҳои дунёро медонад.

Ӯ қобилияти зеҳнии аҷиб дорад. Дар муддати кутоҳ тамоми ададҳоро бо 4 амали математикӣ ҳисоб мекунад. Номи пойтахтҳои аксари кишварҳои дунёро медонад.

Аз рӯи соли таваллуд сину соли аниқи одамонро бо толеънома, сол, ҳафта, моҳ ва рӯз баён мекунад. Қобилияти дигари фарқкунандааш ин аст, ки давоми 1 дақиқа 10 мисраъ шеърро ҳифз менамояд.

“Ҳанӯз дар синни 9-солагӣ дарк кардам, ки қобилияти хуби ҳифзи ҳарфу арқомро дорам. Ҳар суоле ки ба ман медоданд, дарҳол ҷавоб медодам. Мактаб намерафтам, аммо тамоми ҳарфҳоро мешинохтам. Бо сабаби беморӣ аз мактаб ду сол қафо монда, дар синни 9-солагӣ ба синфи якум рафтам.  Дар давраи беморӣ аз дигарон ақиб намонда, хондану навишатанро пурра аз худ кардам. Вақте ки ба синфи 1 рафтам аллакай аз ҳамаи ҳамсинфонам пешқадам будам. Онҳо китоби Алифбо, ман рӯзномаю китоби бадеӣ мехондам.”,-мегӯяд Ҷаҳонгир.

Амали ғайриоддие, ки рӯзҳои охир Ҷаҳонгирро  дар инстаграм маъруф намуд, ин аз чап ба рост, яъне, баръакс ва бо суръати баланд хондани шеъру калимаҳои мушкил аст. Ҳатто шеърҳои тӯлонӣ ва сурудҳои сарояндагонро баръакс мехонад.

Ҷаҳонгир орзӯи таҳсил дар донишгоҳ дорад то муҳосиб шавад. Бо сабаби надонистани забони хориҷӣ ва шароити танги молиявӣ соли гузашта дар имтиҳони ММТ муваффақ нашуд. Айни ҳол дар курси кутоҳмуддати тиббӣ мехонад.

Ҳоло зиёд мутолиа мекунад ва ният дорад соли оянда ҳуҷҷатҳояшро барои роҳ ёфтан ба донишгоҳ супорад.

Довуд Акобиров

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
2
+1
2
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад