ҲАЁТИ СОЛИММунтахаби ҷавонон ба Ҷоми Осиё-2023 омодагӣ мегирад

Мунтахаби ҷавонон ба Ҷоми Осиё-2023 омодагӣ мегирад

-

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар доираи омодагӣ ба даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 ба ҷамъомади дувуми тамринӣ шурӯъ кард.

Олег Кубарев ба ин лагер 28 бозигар – 3 дарвозабон, 9 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 6 ҳамлагар даъват кардааст. Ба далели номусоидии обу ҳаво ин даста тамрини худро дар толори пӯшидаи Академияи Ювентус дар Душанбе баргузор мекунад.

Тими ҷавонони Тоҷикистон (U-20) пас аз анҷоми ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Душанбе рӯзи 19 январ ба Анталия сафар карда, тӯли як моҳ чанд бозии назоратӣ анҷом медиҳад.

Бояд гуфт, даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 байни дастаҳои ҷавонони то 20-сола аз 1 то 18 март дар Узбакистон баргузор мешавад. Дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё «Тими ҷавонон»-и Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» баромад карда, дар он бо дастаҳои Урдун (2 март), Уммон (5 март) ва Кореяи Ҷанубӣ (8 март) бозӣ мекунад.

Пас аз ин бозиҳо чаҳор тими беҳтарин соҳиби роҳхат ба Ҷоми ҷаҳонии футбол-2023 дар Индонезия хоҳанд шуд.

Акс аз fft.tj

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад