МУВАФФАҚИЯТҶуғрофиёдон. Муҳаммад пойтахти аксари кишварҳоро медонад

Ҷуғрофиёдон. Муҳаммад пойтахти аксари кишварҳоро медонад

-

Диплому сипоснома ва медалҳои Муҳаммад

Муҳаммад Ҳакимов, хонандаи синфи 7-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умуми №14-и шаҳри Бохтар аст, ки қариб ҳамаи пойтахтҳои кишварҳои ҷаҳонро медонад. Ҷуғрофия, таърих-фанҳои дӯсдоштааш ҳастанд.

Дар 8-солагӣ падару бобояш дар бораи таърихи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон нақл мекарданд. Маҳз ҳамон қиссаҳои ҷолиб Муҳаммадро ба хондан ва аз худ кардани фанҳои ҷуғрофия ва таърих моил кард.

Муҳаммад Ҳакимов ҳамеша бо омодагии ҷиддӣ ба дарсҳо ҳозир мешавад. Ба иттилои волидонаш, ӯ бештари вақти худро ба мутолиа мегузаронад.

“Ҳар вақте падарам аз кор меояд, аз ман мепурсад, ки писарам имрӯз номи кадом поитахти давлатро аз худ кардӣ. Пурсиши падар масъулияти маро барои омӯхтан бештар мекунад ва хушҳол мешавам. Барои он ки ба суоли падарам ҷавоби мусбат диҳам, ба хондани китоб бештар машғул мешавам.”,- нақл намуд Муҳаммад Ҳакимов.

Омӯзгори фани география барои шинохти давлатҳо ва дар куҷо ҷойгир будани онҳо ба хонандагон бештар аз рӯи харита дарс мегузарад. Муҳаммад Ҳакимов, ки яке аз хонандаҳои фаъол дар муассиса ба ҳисоб рафта, дар дарсҳо бо харита бештар кор мекунад.

Зебонисо Қосимова, устоди Муҳамад Ҳакимов мегӯяд, Муҳаммад бо дониш ва рафтор аз дигар ҳамсабақонаш фарқ мекунад ва ғайр аз фанни география ба фанҳои дигар низ таваҷҷуҳи хоса дорад. Дар озмуну олимпиадаҳо ва чорабиниҳои муассиса ва ноҳия фаъолона иштирок мекунад.

Муҳаммад Ҳакимов мехоҳад табиб шавад. Ҳоло фанҳои кимиё ва биологияро бештар меомӯзад.

Аҳлиддини Муборакшоҳ

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
5
+1
3
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

ИМА маҳдудиятҳои сафарро барои тими миллии Эрон сабуктар кард

Иёлоти Муттаҳида маҳдудиятҳои сафарро барои тими миллии Эрон дар ҷараёни Чемпионати ҷаҳон сабуктар намуда, ба даста иҷозат дод, ки...

Дар Варзоб Маркази техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон ифтитоҳ шуд

Дар ноҳияи Варзоб Маркази техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон ба истифода дода шуд. 23 июн Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон...

Шӯрои Федератсияи Русия боло бурдани боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷиронро тасдиқ кард

Шӯрои Федератсияи Русия қонунеро тасдиқ намуд, ки тибқи он боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон ба таври назаррас афзоиш меёбанд. Аз...

Шабакаҳои иҷтимоӣ бори аввал аз расонаҳои анъанавӣ пеш гузаштанд

Шабакаҳои иҷтимоӣ аввалин бор дар ҷаҳон ба манбаи асосии дастрасии ҷомеа ба иттилоот табдил ёфта, аз расонаҳои анъанавӣ, аз...
spot_imgspot_img

Ёде аз Акашариф Ҷӯраев

Аз "Дараи Камароб", "Ҷон додаракам", “Алла” ва даҳҳо суруди мондагор маҳсули эҷоди Акашариф Ҷӯраев, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ҳастанд. Суруду...

Қонун «Дар бораи авф» мавриди амал қарор гирифт

Қонун Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф" мавриди амал қарор гирифт. Нашрияи "Ҷумҳурият" қонунро нашр намуд. Қонун Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф"...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад