ОЛАМИ МАҶОЗӢСаҳифаи instagram-и Саймумин Мадиевро чаро шикастанд?

Саҳифаи instagram-и Саймумин Мадиевро чаро шикастанд?

-

Ин эълон тариқи саҳифаи Саймумин нашр гардидааст

Саҳифаи Саймумин Мадиев, варзишгари ҷавони тоҷикро шикаста, тариқи он эълонеро гузоштаанд, ки гӯё модараш ба садамае дучор гардида, дар ҳолати вазнин қарор дорад ва барои ҷарроҳии ӯ фаврӣ пул лозим аст.

Саймумин дар як муроҷиати видеоӣ таъкид мекунад, ки ба ин овоза бовар накунанд ва ба касе маблағ интиқол надиҳанд.

Саймумин Мадиев, варзишгари муҳорибаҳои омехта дар ҳама қувваозмоии хеш дастболо гардида то кунун бохте надорад ва яке аз варзишгарони ояндадор унвон мегардад.

Ӯ 21 декабр дар мусобиқаи Eurasian Fighting Promotion 2022 — дар Алмаато ба рақиби қирғизистониаш Омурбек Қанибеков низ ғолиб омад.

Саймумин баъди нашри як видео аз ҷониби мураббии муҳорибаи омехта (MMA) Ризвон Ошурмамадов бо номи «Москва, метрои «Люблино». Мо кор мекунем!» машҳур шуд. Ин мураббӣ тариқи “Тик Ток”-и худ видеоҳои машқро аз толори варзишие, ки дар наздикии истгоҳи метрои Люблино ҷойгир аст, гузошт. Дар видео ҷавонон бо зону ҳаракати хоссе анҷом дода пеш мераванд…

https://www.instagram.com/sa1ka4a_003/

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад