МУВАФФАҚИЯТМедали нуқраи Темур Раҳимов дар мусобиқаи ситораҳои ҷудои ҷаҳон

Медали нуқраи Темур Раҳимов дар мусобиқаи ситораҳои ҷудои ҷаҳон

-

Паҳлавони кишвар Темур Раҳимов дар мусобиқаи ситораҳои ҷудои ҷаҳон дар Йерусалими Исроил (Jerusalem Masters 2022) медали нуқра ба даст овард.

Мусобиқаи ситораҳои ҷудои ҷаҳон 20-22 декабр бо иштироки 367 варзишгар (194 мард, 173 зан) аз 58 давлат баргузор шуд. Тибқи низомнома ба мусобиқа варзишгароне, ки дар радабандии ҷаҳонии ҷудо дар вазни худ то ҷои 36-умро ишғол намудаанд, даъват карда шуданд.

Темур дар вазни +100кг, ки дар радабандии ҷаҳонӣ дар ҷои аввал аст, нерӯсанҷиро аз даври дуюм оғоз карда, бар Ричард Сипоз (Маҷористон), дар чорякфинал бар Ушангӣ Кокаурӣ (Озарбойҷон) пирӯз шуда, ба нимфинал баромад. Ҳарифаш дар нимфинал Алишер Юсупови Узбекистонӣ буд, ки ӯро низ шикаст дод. Сипас Темур Раҳимов дар финал аз ҳарифи ҷопониаш Татсуру Саито мағлуб гардида, ҷои дуюмро сазовор шуд. Медалҳои биринҷиро дар ин вазн Алишер Юсупов (Узбекистон) ва Кокоро Кагеура (Ҷопон) ба даст оварданд.

Дар рӯзи охир, ҳамчунин Комроншоҳ Устопириён дар вазни -90кг гуштин гирифта, ҷои ҳафтумро ишғол кард. Ҳарифаш дар даври аввал Лаша Бекаурии гурҷӣ буд, вале бо сабаби вазнаш дуруст наомадан, аз сабқат хориҷ карда шуд. Комроншоҳ сипас дар даври дуюм Эдуард Триппели олмониро мағлуб кард, аммо дар чорякфинал аз Саширо Мураои ҷопонӣ, ки медали тиллои ин вазнро сазовор шуд ва дар қувваозмоии тасаллобахш аз Давлат Бобонови узбекистонӣ мағлуб гардид.

Варзишгари дигарамон Эмомалии Нуралӣ дар вазни -66кг рӯзи якуми мусобиқа дар аввалин нерусанҷӣ аз Реда Седоукии фаронсавӣ шикаст хурд.

Ҳамин тариқ, Темур Раҳимов аввалин варзишгари Тоҷикистон шуд, ки сазовори медали “World Judo Masters» гардид. Ба ӯ дар баробари медали нуқра 4000 евро ҷоизапулӣ тақдим шуд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

То ҷашни 35-солагии истиқлоли давлат дар саросари кишвар ҳудуди 30 ҳазор иншоот бунёду азнавсозӣ мешавад

Дар саросари кишвар бунёду азнавсозии 29 518 иншооти таъйиноти гуногун то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба нақша гирифта шудааст....

Microsoft гурӯҳи ҳакерии Русияро ба ҳамлаҳо тавассути Wi-Fi-и меҳмонхонаҳо муттаҳам кард

Ширкати Microsoft аз як маъракаи ҳакерӣ хабар дод, ки ба инфрасохтори шабакаҳои Wi-Fi барои меҳмонон дар меҳмонхонаҳо ва марказҳои...

Roblox $70 миллиард арзиши бозории худро аз даст дод

Ширкати Roblox Corporation дар ҳисоботи семоҳаи худ эътироф кард, ки аз моҳи июли соли 2025 то моҳи июли соли...

Telegram барои муддати кӯтоҳ аз App Store ҳазф шуд

Паёмрасони Telegram барои муддати кӯтоҳ аз мағозаи барномаҳои App Store дар саросари ҷаҳон дастнорас гардид. Сабаб он будааст, ки...
spot_imgspot_img

Яндекс барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаи тиб ширкати алоҳида таъсис дод

Ширкати "Яндекс" барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ (AI) дар соҳаи тандурустӣ шахси ҳуқуқии алоҳидаеро бо номи "Яндекс мед" ба...

Мактуби Раиси Комиссияи Аврупо ба сарвазири Испания

Пас аз афзоиши вуруди муҳоҷирон ба шаҳри Сеутаи Испания, раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен аз кишварҳои Иттиҳоди...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад