МУВАФФАҚИЯТКитоби сол-2022. Кадом асарҳо сазовори ин мақом гардиданд?

Китоби сол-2022. Кадом асарҳо сазовори ин мақом гардиданд?

-

Тақдими диплом

Китоби «Ҳаҷми нигоҳ»-и Давлати Раҳмониён рӯйи номинаи китоби назм, «Зинаҳои дӯзах»-и  Ато Ҳамдам ҳамчун асари насрӣ, «Машқи ҳисоб»-и Ҷӯра Ҳошимӣ дар номинаи асарҳои назми бачагона мақоми аввалро сазовор шуданд. Дирӯз, 15 декабр ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол-2022» дар Вазорати фарҳанг эълон гардиданд.

Ба иттилои Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг, озмун аз рўйи шаш номинатсия баргузор гардида, 45 довталаб асарҳои худро барои иштирок ба озмун пешниҳод намуданд.

Тибқи хулосаи ҳайати ҳакамон, муаллифони зерин ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол — 2022» гардиданд:

Дар номинаи китоби назм

Ҷойи якум: Давлати Раҳмониён бо китоби “Ҳаҷми нигоҳ”;

Ҷойи дуюм: Сафар Амирхон бо китоби “Боғ дар оғӯши борон”

Ҷойи сеюм: Абдулқаҳори Мўсо бо китоби “Орзуи сабз”.

Дар номинаи китоби наср:

Ҷойи якум: Ато Ҳамдам бо китоби “Зинаҳои дӯзах”

Ҷойи дуюм: Сайдаҳмади Зардон бо китоби “Чароғи нигоҳ”

Ҷойи сеюм: Тоҳири Маҳмадризо бо китоби “Ҳар давру ҳар мард”.

Дар номинаи асарҳои публисистӣ:

Ҷойи якум: Абдулҳамид Самад бо китоби “Дастовез”

Ҷойи дуюм: Абдураҳмонон Абдуманнонов бо китоби “Аз дирӯзу имрӯзи адабиёти тоҷик”

Ҷойи сеюм: Беҳрӯзи Забеҳулло бо китоби “Офтобе дар миёни сояе”.

Дар номинаи асарҳои назми бачагона:

Ҷойи якум: Ҷӯра Ҳошимӣ бо китоби “Машқи ҳисоб”

Ҷойи дуюм: Раҳмат Назрӣ бо китоби “Ширангубин”

Ҷойи сеюм: Нуруллои Ориф бо китоби “Қанди додо”.

Дар номинаи асарҳои насри бачагона:

Ҷойи якум: Маҷид Салим бо китоби “Саги кӯр”

Ҷойи дуюм: Гулчеҳра Муҳаммадиева бо китоби “Тӯй дар беша”

Ҷойи сеюм: Бежани Ризо бо китоби “4+4”.

Дар номинаи асарҳои тарҷумаи бадеӣ:

Ҷойи якум: Муъмин Қаноат бо китоби «Аз Ховар то Бохтар»

Ҷойи дуюм: Амонбой Ҷумаев, асари Саттор Турсун «Бир кеча йӯлда» («Шабе дар роҳ»)

Ҷойи сеюм: Исобоева Саломат, «Афсонаҳои халқҳои ҷаҳон».

Аксҳо аз саҳифаи фейсбукии Вазорати фарҳанг

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
4
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад