БИЗНЕС-КЛУБHalyk Bank саҳмияҳояшро ба Бонки Байналмилалии Тоҷикистон фурӯхт

Halyk Bank саҳмияҳояшро ба Бонки Байналмилалии Тоҷикистон фурӯхт

-

Halyk Bank-и Қазоқистон эълон кардааст, ки саҳмияҳои бахши тоҷикистонии худро пурра мефурӯшад.

Ҷамъияти саҳомии «Бонки амонатгузории Халык Қазоқистон» аз бастани шартнома бо ҶСП «Бонки Байналмилалии Тоҷикистон» дар бораи фурӯши 100% саҳмияҳо хабар медиҳад.

«ҶСП «Бонки Байналмилалии Тоҷикистон» ҳама санадҳои заруриро дар даст дошта, интизор меравад, ки муомилот дар моҳи декабри соли 2022 анҷом шавад.

Бонк ҳангоми анҷоми муомилот ва пас аз анҷоми тамоми расмиёти зарурӣ кор ва хизматрасониро ба муштариён идома дода, тибқи шартҳои шартномаҳои қаблан басташуда ҳама намуди хизматрасониҳои бонкиро пешниҳод менамояд.»,-омадааст дар сомонаи Halyk Bank.

Намояндагии «Halyk Bank» дар Тоҷикистон яке аз 15 бонк дар кишвар аст, ки тибқи маълумоти расмӣ 34 миллион сомонӣ сармояи оинномавӣ дорад. Ин бонк аз соли 2008 корашро дар Тоҷикистон оғоз кардааст ва 2 шӯъбаву шаш маркази хидматрасониаш дар Тоҷикистон фаъол буд ва се дарсади амонатҳои кулли бозори бонкии Тоҷикистон дар ин бонк гузошта шудааст.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад