ЗАБОНОМӮЗӢEnglish Without Borders ҳазорҳо омӯзгори англисиро ба ҳам меорад

English Without Borders ҳазорҳо омӯзгори англисиро ба ҳам меорад

-

Забони англисӣ бидуни сарҳадҳо (EWB) –ин чаҳорчуби касбӣ ва шиносоӣ буда, имконияти иштирок дар тренингҳои инфиродӣ ва омӯзиши усулҳои нави таълимро фароҳам меорад. Истифода аз таҷрибаи омӯзгорони ҷаҳон, касби равишҳои нави таълим ва корбурди онҳоро метавон  дар ҳамоишҳои “English Without Borders” аз худ карда, имконияти дастрасӣ ба бурсияҳоро ба даст овард.

Ҳамоиши “English Without Borders” рӯзҳои 28-29 октябри соли равон дар меҳмонхонаи “Румӣ”-и шаҳри Душанбе доир мегардад. Дар қисмати аввали рӯзи якуми чорабинӣ ба онҳое, ки дар рушди забони англисӣ саҳм мегузоранд, сипосномаву ҷоизаҳо тақдим гардид.

Марҳабо Холмуродова

Марҳабо Холмуродова, муаллими забони англисӣ дар шаҳри Хорӯғ буда, имсол дар озмуни  “Innovative teacher of the year” (Муаллими навовари сол) созовори мақоми аввал гардид.

Ӯ зимни суҳбат гуфт, соли дуюм аст, ки дар ин озмун ширкат мекунад ва рақобатҳо хеле ҷиддӣ буданд. Имсол муваффақ шуд, ки миёни ҳудуди 5 ҳазор омӯзгор созовори ҷойи аввал гардад.

Ҳадафи конфронси миллии EWB ва Expo таҳкими ҷомеаи умумимиллии муаллимони забони англисӣ ва таблиғи дастовардҳои шабака дар 18 моҳи фаъолияти худ мебошад. Конфронс муаллимони забони англисӣ, мутахассисон ва олимонро барои табодули афкор, омӯхтани тамоюлҳои ҷорӣ, тавсеаи шабакаҳои касбӣ дар саросари минтақа, дастрасӣ ба маводҳои маҳаллӣ ва байналмилалӣ барои таълими забони англисӣ ва дар бораи EWB ва кӯшишҳои он барои эҷоди ҷомеа, иқтидор ва омӯхтани он муттаҳид мекунад.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
3
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Муовини вазир: барои донишҷӯёне, ки дар чорабиниҳои фарҳангӣ ширкат мекунанд, шароит фароҳам оварда шудааст

Ҳомид Ҳошимзода, муовини якуми вазири маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, дар чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба 35-солагии истиқлоли Тоҷикистон ҷавонон,...

Натиҷаи бозии Регар-ТадАЗ» бо «Истиқлол»: 1:0

Дар доираи даври 13-уми Париматч-Чемпионати Тоҷикистон-2026 миёни дастаҳои Лигаи олӣ дастаи «Регар-ТадАЗ» рақобат сурат гирифт. «Регар-ТадАЗ» дар майдони худ...

Русия ва Беларус ба Чемпионати ҷаҳон оид ба хоккей-2027 роҳ наёфтанд

Шӯрои Федератсияи байналмилалии хоккей (IIHF) тасмим гирифт, ки дастаҳои мунтахаби Русия ва Беларусро ба Чемпионати ҷаҳон оид ба хоккей...

Мушовири калони президенти FIFA ба нишони эътироз истеъфо дод

Карлос Кордейро, мушовири калони президенти Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) Ҷанни Инфантино, ба нишони эътироз нисбат ба нақшаи фурӯши ҳуқуқҳои...
spot_imgspot_img

50 омӯзгор бо тренерони амрикоӣ таҷрибаи муосири таълимиро мубодила карданд

Аз 16 то 18 июли соли 2026 дар шаҳри Душанбе, бо ташаббуси Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, 50 омӯзгори барномаи...

Омӯзгор ҳаққи фурӯши либоси мактабиро надорад!

Либосҳои тавсиявиро Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон пешниҳод мекунад, ки бояд дар муассисаҳои олӣ ва макотиби таҳсилоти миёна илмомӯзон...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад