ҲАЁТИ СОЛИМНиёзманде ки ниёзи дигаронро бароварда мекунад

Ниёзманде ки ниёзи дигаронро бароварда мекунад

-

Ҷаҳонгир Шохоҷаеви 21-сола, ки пойи равон надораду манбаи даромадаш кафшдӯзист, барои шахсони  маъюб  ва ятиму бепарастор ройгон хидмат мекунад. Ҳамзамон, ба онҳое, ки хоҳиши аз худ кардани касби кафшдӯзиро доранд, бо майли том ин ҳунарро меомӯзонад.

Ҷаҳонгир бо маъюбият таваллуд шуда, аз пойи равон маҳрум аст ва ҳоло бо  ёрии дастонаш роҳ меравад. Ӯ сокини деҳаи Ялдамичи ноҳияи Рашт буда, таҳсили ибтидоиро дар мактаби деҳа шурӯъ, сипас дар мактаби махсуси маъюбон дар шаҳри Душанбе идома медиҳад. Ӯ дар ин мактаб касби кафшдӯзиро аз худ менамояд. Ба нақли Ҷаҳонгир, каблан бархе нозукиҳои ин касбро аз падараш омӯхта буд.

“ “Ибодат ба чуз хидмати халқ нест”. Ҳар як шахс бояд дар ҷомеа нақш дошта бошад ва ба ҳар роҳе ба  мардумаш хизмат кунад. Новобаста аз маъюбиам кушиш мекунам, ки ба корафтодагон хидмат намоям.”, – мегӯяд Ҷаҳонгир Шохоҷаев.

Ҷаҳонгир бо кумаки дустону волидайнаш  дукони кафшдӯзиеро дар деҳа бунёд намуда, дар он кор мекунад. Дукони ӯ ягона нуқтаи таъмири пойафзол  дар  ин деҳа  ба  ҳисоб  рафта, аҳли деҳа ӯро мешиносанд ва барои таъмири пойафзол ба ӯ муроҷиат мекунанд.

Ба қавли қаҳрамони мо, таъмири пойафзол мушкил нест, вале ҳар корро бояд босифат анҷом дод. Ӯ дар як рӯз тақрибан ба 10 нафар хизмат мерасонад ва арзиши хизматрасониаш аз 8 сомонӣ шурӯъ мешавад. Вале ҳар маблағе, ки муштариёнаш пешниҳод мекунанд, қаноат мекунад. Инчунин таъмири пойафзолро барои шахсони  маъюб ва ятиму бепарасторони деҳа ройгон  ба роҳ мондааст:

“Бар замми ин, ман қарор додам ба ҳар хоҳишманде, ки аз худ кардани нозукиҳои ин кабсро дорад, кумак расонам. Айни ҳол 3 шогирд дорам. ”, -иттилоъ дод Ҷаҳонгир.

Ӯ ният дорад, ки  дар маркази ноҳияи Рашт корхонаи истеҳсоли пойафзол боз намуда, шахсоне бекорро ба шуғл таъмин намояд, то бо меҳнати ҳалол ризқ ба даст оранд.

 

Довуд Акобиров

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

То ҷашни 35-солагии истиқлоли давлат дар саросари кишвар ҳудуди 30 ҳазор иншоот бунёду азнавсозӣ мешавад

Дар саросари кишвар бунёду азнавсозии 29 518 иншооти таъйиноти гуногун то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба нақша гирифта шудааст....

Microsoft гурӯҳи ҳакерии Русияро ба ҳамлаҳо тавассути Wi-Fi-и меҳмонхонаҳо муттаҳам кард

Ширкати Microsoft аз як маъракаи ҳакерӣ хабар дод, ки ба инфрасохтори шабакаҳои Wi-Fi барои меҳмонон дар меҳмонхонаҳо ва марказҳои...

Roblox $70 миллиард арзиши бозории худро аз даст дод

Ширкати Roblox Corporation дар ҳисоботи семоҳаи худ эътироф кард, ки аз моҳи июли соли 2025 то моҳи июли соли...

Telegram барои муддати кӯтоҳ аз App Store ҳазф шуд

Паёмрасони Telegram барои муддати кӯтоҳ аз мағозаи барномаҳои App Store дар саросари ҷаҳон дастнорас гардид. Сабаб он будааст, ки...
spot_imgspot_img

Яндекс барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаи тиб ширкати алоҳида таъсис дод

Ширкати "Яндекс" барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ (AI) дар соҳаи тандурустӣ шахси ҳуқуқии алоҳидаеро бо номи "Яндекс мед" ба...

Мактуби Раиси Комиссияи Аврупо ба сарвазири Испания

Пас аз афзоиши вуруди муҳоҷирон ба шаҳри Сеутаи Испания, раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен аз кишварҳои Иттиҳоди...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад