ВАРЗИШФутзали Тоҷикистон дар чаҳорфинал

Футзали Тоҷикистон дар чаҳорфинал

-

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар бозии ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2022 бар тими миллии Туркманистон бо ҳисоби 8:5 пирӯз шуда, дар гурӯҳи «В» мақоми дуюмро касб кард ва ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт.
Дар ҳайати тими мунтахаби мо Идрис Ёров 4 гол, Файзалӣ Сардоров ду гол, Муҳаммадҷон Шарипов як гол, як голи дигарро футболбозони туркман ба дарвозаи дастаашон заданд.
Шогирдони Пайрав Воҳидов дар даври ¼-ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 бо ғолиби гурӯҳи «А» — тими футзали Тайланд бозӣ мекунанд. Вохӯрии дастаҳо 4-уми октябр соати 19:00 бо вақти Душанбе оғоз меёбад.
Дар бозии дигари гурӯҳи «В» тими Узбекистон бар дастаи Баҳрайн бо ҳисоби 6:1 ғалаба кард. Ҳарифаш дар чорякфинал дастаи футзали Кувайт мебошад, ки дар гурӯҳи “А” ҷои дуюмро ишғол кард.
Қобили зикр аст, ки тими миллии футзали Тоҷикистон бори охир понздаҳ сол қабл – соли 2007 ба даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё роҳ ёфта буд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

То ҷашни 35-солагии истиқлоли давлат дар саросари кишвар ҳудуди 30 ҳазор иншоот бунёду азнавсозӣ мешавад

Дар саросари кишвар бунёду азнавсозии 29 518 иншооти таъйиноти гуногун то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба нақша гирифта шудааст....

Microsoft гурӯҳи ҳакерии Русияро ба ҳамлаҳо тавассути Wi-Fi-и меҳмонхонаҳо муттаҳам кард

Ширкати Microsoft аз як маъракаи ҳакерӣ хабар дод, ки ба инфрасохтори шабакаҳои Wi-Fi барои меҳмонон дар меҳмонхонаҳо ва марказҳои...

Roblox $70 миллиард арзиши бозории худро аз даст дод

Ширкати Roblox Corporation дар ҳисоботи семоҳаи худ эътироф кард, ки аз моҳи июли соли 2025 то моҳи июли соли...

Telegram барои муддати кӯтоҳ аз App Store ҳазф шуд

Паёмрасони Telegram барои муддати кӯтоҳ аз мағозаи барномаҳои App Store дар саросари ҷаҳон дастнорас гардид. Сабаб он будааст, ки...
spot_imgspot_img

Яндекс барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаи тиб ширкати алоҳида таъсис дод

Ширкати "Яндекс" барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ (AI) дар соҳаи тандурустӣ шахси ҳуқуқии алоҳидаеро бо номи "Яндекс мед" ба...

Мактуби Раиси Комиссияи Аврупо ба сарвазири Испания

Пас аз афзоиши вуруди муҳоҷирон ба шаҳри Сеутаи Испания, раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен аз кишварҳои Иттиҳоди...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад