БИЗНЕС-КЛУБ32 миллион боздид аз саҳифаи Avto Life. Суҳроб намехоҳад...

32 миллион боздид аз саҳифаи Avto Life. Суҳроб намехоҳад меҳнати 5-солааш барбод равад

-

Суҳроб ҳангоми муоинаи мошин

Суҳроб Қурбонов аз дигар блогеру ютуберон бо пешниҳоди муҳтавои ғайриоддӣ фарқ мекунад. Ӯ мисли аксари ютуберон дар бораи Шоу бизнес ва варзиш намегӯяд.

Суҳроб тариқи саҳифаи хеш дар шабакаи Youtube, ки «Avto Life» номгузорӣ кардааст, бобати арзиш ва ҳолати техникии мошинҳо ба дӯсторон ва харидорони ин василаи нақлия маълумот пешниҳод менамояд. Бештари наворҳояш аз бозори фурӯши мошин (Мошинбозор) таҳия мешаванд.

Як навори бародараш сабаб гардид, ки  ӯ ба ин мавзӯъ рӯй оварад.

«Қаблан дар фикри эҷоди саҳифае дар ютуб набудам. Боре бародарам чанд мошинро ба навор гирифта, тариқи ютуб нашр кард, ки зиёд бинанда пайдо кард. Ин кор ба ман ангеза бахшид ва бародарам низ идомаи ин корро ба ман тавсия дод. Он замон саҳифаамро «Қурбонов» ном ниҳодам ва теъдоди обуначиҳояш ба 70 ҳазор расид. Баътар номи саҳифаро бо «Avto Life» иваз намудам.«,- нақл кард Суҳроб.

Феълан саҳифааш беш аз 247 ҳазор обуначӣ дорад ва ҳамарӯза наворҳои нав нашр мекунад, ки дар як шабонарӯз аз 20-30 ҳазор бинанда онро тамошо мекунанд. Теъдоди умумии боздидҳо дар саҳифаи ӯ марзи 32 миллионро убур кардааст.

«Нафарони зиёде дар фикри харидории мошин ҳастанд, вале манбаи мӯътамад барои дарёфти маълумотро надоранд. Шахсан ҳолату арзиши мошинҳоро хуб мефаҳмам, вале бархе харидорон дар роҳи дур қарор дошта, аз куҷо дастрас кардани мошинро намедонанд. Ман беҳтарин мошинҳоро навор гирифта муфассал маълумот пешниҳод мекунам ва бовар дорам, ки харидорони зиёд тариқи саҳифаи ман мошинҳои дилхоҳашонро дастрас менамоянд.»,-мегӯяд Суҳроб.

Шабакаи Ютуб барои ютубероне, ки обуначӣ ва боздидҳои зиёд доштанд, маблағ пардохт мекард ва ин блогеронро ҳавасманд менамуд то ҳарчӣ бештар навор нашр намоянд. Баъд аз онки Ютуб аз пардохти маблағ ба ютуберони қаламрави Русия ва Осиёи Марказӣ худдорӣ кард, аксари ютуберон фаъолияти худро қатъ карданд.

Аммо Суҳроб ба кори худ идома медиҳад. «Даромад аз ҳисоби боздидҳо хуб буд, вале феълан шабакаи You Tube маблағ намедиҳад. Аксари ютуберон фаъолияти худро идома намедиҳанд. Агарчи барои ман низ сахт аст, аммо намехоҳам меҳнати 5-солаам бар абас равад. Инчунин обуначиҳоям, ки хеле зиёд ҳастанд, раҳо карда наметавонам. Ҳамарӯза беш аз 20 ҳазор обуначӣ наворҳоямро интизор мешаванд. Ба инхотир ба корам идома медиҳам. Умедворам, ки ютуб мавқеашро тағйир медиҳад.”,- мегӯяд Суҳроб.

Довуд Акобиров

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
5
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад