МУВАФФАҚИЯТДуюмин медали тилои Акмалиддин Каримов (Видео)

Дуюмин медали тилои Акмалиддин Каримов (Видео)

-

Акмалиддин Каримов дар мусобиқоти байналмилалии “Ҷоми Поягузорони самбо”, ки рӯзҳои 10-11-уми сентябр дар пойтахти Федератсияи Русия доир гардид,  мақоми аввалро касб намуда медали тилоро соҳиб шуд. Ӯ (вазни 58 кг) дар финал Харун Тлишевро аз Русия мағлуб кард.

Акмалиддин Каримов, соли гузашта низ дар мусобиқаи ҷаҳонии самбо (дар шаҳри Тошканд) пас аз се пирӯзӣ бар варзишгарони давлатҳои Тринидад ва Тобаго, Марокаш ва Қазоқистон ба даври ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон роҳ ёфт. Ӯ дар марҳилаи ниҳоӣ бар ҳарифи русаш Саян Ҳертек пирӯз шуда, медали тиллоро соҳиб гардид.

Ёдовар мешавем, ки Акмалиддин Каримов, барандаи чор медали нуқраи мусобиқоти ҷаҳонии самбо низ ҳаст ва соли гузашта дар 30-солагӣ бори аввал медари тилоро ба даст овард. Акмалиддин Каримов баъди он пирӯзӣ сахт гирист.

“Баъди ноҳақиҳои зиёди доварон дар ниҳоят ба орзуи деринааи худ расидам ва дигар ёд надорам, ки дар чи ҳолат будам. Ҳамин тавр, ашки чашмонам ҷорӣ шуд.

Тӯли даҳ сол ин қадар меҳнат кардам, билохира ба ин унвон  ноил шудам ва баъди қаҳрамонии ҷаҳон дар хотир надорам, чи кор кардам. Мисле ки аз ҳуш беҳуш мешавӣ, ҳамин ҳолат ба ман рӯх дод.”-нақл намуда буд ба jom.tj.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ӯ тавсиф мешавад, ки бо зиндагии хоксоронаву заҳамоти зиёд Акмалиддин натиҷаи дилхоҳ ба даст овард.

Акс аз сомонаи https://sambo.ru/

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
3
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад