МУВАФФАҚИЯТДаври 15-уми Чемпионати Тоҷикистон: ду голи беҷавоби “Истиқлол”

Даври 15-уми Чемпионати Тоҷикистон: ду голи беҷавоби “Истиқлол”

-

Дар даври 15-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ, “Истиқлол” ба дарвозаи “Эсхата” ду голи беҷавоб зад.

Тими КМВА дар бозӣ бар дастаи “Хуҷанд” бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд.

“Регар-ТадАЗ” дар сафар аз тими “Истаравшан” шикаст хурд – 1:2. Ҳар се голро истаравшаниҳо заданд. Ҷаъфар Исмоилов дар дақиқаи 13 ҳисобро кушод. Ҳусейн Нурматов як гол ба дарвозаи дастааш, як голи дигар ба дарвозаи ҳариф зад.

Дар бозии дигар “Истиқлол” ба дарвозаи “Эсхата” ду голи беҷавоб зад. Манучеҳр Ҷалилов дар дақиқаи 68 аз пеналтӣ ҳисобро кушод, голи дуюмро Шервонӣ Мабатшоев дар охирин дақиқаҳои дидор (90+6) зад.

Ду бозии дигар миёни дастаҳои “Равшан”-и Кӯлоб — “Равшан”-и Зафаробод (2:2) ва “Хатлон” – “Файзканд” (0:0) мусовӣ анҷом ёфт.

Бозиҳои даври навбатӣ 30 сентябр ва 1-2 октябр ба нақша гирифта шудааст. Дар даври 16-ум 30-юми сентябр “Эсхата” бо “Хатлон”, 1-уми октябр “Хуҷанд” бо “Файзканд”, “Равшан”-и Кӯлоб бо “Регар-ТадАЗ”, 2-юми октябр “Истаравшан” бо “Истиқлол”, КМВА бо “Равшан”-и Зафаробод вомехуранд.

Қабл аз ин 17-18 сентябр бозиҳои даври нимфинали Ҷоми Тоҷикистон-2022 доир мешавад.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

250 сол озодӣ, 35 сол шарикӣ: чӣ ба даст омад?

Ҳамкории мо дар соҳаи фарҳанг низ густариш меёбад.  Дар давоми бисту панҷ соли дар доираи лоиҳаҳои Фонди сафирон барои...

Оё дар Моҳ шаҳр сохтан мумкин аст? Олимон ба захираи об шубҳа доранд

Бо вуҷуди пешрафтҳои ахир дар харитасозии сатҳи Моҳ барои арзёбии имкони бунёди шаҳрҳои моҳтобӣ, як таҳқиқоти нав интизориҳоро дар...

ProPublica: Умар Кремлёв як қисми хароҷоти тӯйи писари Трампро пардохт кардааст

Мақоми варзишии Русия ва олигарх Умар Кремлёв хароҷоти иҷораи ҷазираи хусусӣ ва оташбозӣ ё фейерверкро барои баргузории тӯйи Доналд...

Вазири фарҳанги Исроил хост шаҳрвандии ду коргардони барандаи «Оскар» бекор карда шавад

Вазири фарҳанги Исроил даъват кард, ки шаҳрвандии коргардонҳои исроилӣ Ювал Авраҳам ва Рейчел Сзор, барандагони ҷоизаи "Оскар", ки филми...
spot_imgspot_img

Чин барои кишварҳои БРИКС «минтақаи зеҳни сунъии дорои манбаи боз» таъсис медиҳад

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин рӯзи якшанбе дар нишасти кишварҳои БРИКС дар Деҳлӣ изҳор дошт, ки Чин ташкили...

Роҳпаймоии роботҳо дар Варшава. Онҳо чӣ мехостанд?

Дар Варшава 30 робот бо парчамҳо роҳпаймоӣ карда, дар назди Вазорати умури рақамии ин кишвар шиорҳо сар дода, аз...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад