ЗАБОНОМӮЗӢБеҳрӯз ба 6 то 61-сола забон меомӯзонад

Беҳрӯз ба 6 то 61-сола забон меомӯзонад

-

Беҳрӯз Ҳафизов шурӯъ аз толибилм то ба ҳавонавард забони англисӣ меомӯзонад. Синну соли шогирдони Беҳрӯз гуногун аст — аз 6 то 61-сола…

Беҳрӯз пас аз соли якуми таҳсил дар донишгоҳ тасмим гирифт, ки забони англисиро омӯзад.

«Падарам ба ман гуфт, барои омӯзиш ҳар кумаке лозим бошад, анҷом медиҳам. Ман ҳам ба омӯзиши забони англисӣ пардохтам ва давоми 4 моҳ ба қадри кофӣ ин забонро омӯхтам. Зиёд мехондам ва барномаҳоро пеш аз муҳлати муайяншуда ба итмом мерасонидам.», — нақл мекунад Бӯҳрӯз.

Ӯ орзуи омӯзгор шуданро надошт, танҳо мехост бо донистани забони англисӣ имкониятҳояшро бештар ва зиндагияшро меҳтар намояд.

«Як рӯз дар маркази забономӯзӣ устоде натавонист ба дарс ҳозир шавад. Маъмурият аз ман хоҳиш карданд, ки ба забономӯзон дарс гӯям ва он рӯз ба фаъолияти омӯзгории ман оғоз бахшид.», — ба ёд меорад ӯ.

Беҳрӯз худомӯзӣ аз нақши шабакаи интернетро дар забономӯзиаш бузург мешуморад.

«Бо истифода аз таҷрибаи 10-солаам мактаби онлайнии хешро боз кардам. Ҳоло аз хонандаи мактаб то блогеру менеҷер, аудитору ҳавонавард дар ин мактаб забон меомӯзанд. Беш аз 20 фисади шогирдонам хориҷиён ҳастанд.», — илова кард Беҳрӯз.

Беҳрӯз Ҳафизов зиёда аз 200 навори омӯзиширо тариқи инстаграм пахш кардааст, ки обуначиҳояш бо истифода аз онҳо метавонанд забон омӯзанд.

Ӯ бо равиши хос калимаву ибора ва ҷумлаҳои серистеъмоли забони англисиро меомӯзонад.

Беҳрӯз дар як моҳ 5 рӯзашро ба Instagram мебахшад ва навор таҳияву нашр менамояд.

Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ

Саҳифаҳои иҷтимоии Беҳрӯз Ҳафизов:

https://www.facebook.com/h.beha

https://www.instagram.com/beha_en/

 

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
7
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Шӯрои Федератсияи Русия боло бурдани боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷиронро тасдиқ кард

Шӯрои Федератсияи Русия қонунеро тасдиқ намуд, ки тибқи он боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон ба таври назаррас афзоиш меёбанд. Аз...

Шабакаҳои иҷтимоӣ бори аввал аз расонаҳои анъанавӣ пеш гузаштанд

Шабакаҳои иҷтимоӣ аввалин бор дар ҷаҳон ба манбаи асосии дастрасии ҷомеа ба иттилоот табдил ёфта, аз расонаҳои анъанавӣ, аз...

Ёде аз Акашариф Ҷӯраев

Аз "Дараи Камароб", "Ҷон додаракам", “Алла” ва даҳҳо суруди мондагор маҳсули эҷоди Акашариф Ҷӯраев, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ҳастанд. Суруду...

Қонун «Дар бораи авф» мавриди амал қарор гирифт

Қонун Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф" мавриди амал қарор гирифт. Нашрияи "Ҷумҳурият" қонунро нашр намуд. Қонун Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф"...
spot_imgspot_img

Ҳасану Ҳусейн ҳавопаймои бидуни сарнишин сохтанд

Ҳасан ва Ҳусейн ду навраси дугоник аз шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ҳавопаймои бидуни сарнишин сохтанд. Дар ин кор ба...

Оғози Форуми байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Тоҷикистон

Дар истироҳатгоҳи «Шоҳин»-и шаҳри Гулистон Форуми XI байналмилалии фарҳангию маърифатии «Кӯдакони Иттиҳод» ба кори худ оғоз кард. Ин чорабинӣ...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад