Пойафзоли варзишии баскетболбози амрикоӣ Майкл Ҷордан, ки дар мавсими 1995/96 муқобили «Сиэтл Суперсоникс» бозӣ карда буд, дар музояда (ауксион) ба маблағи $482 000 фурӯхта шуданд.
Дар музоядаи «Sotheby’s» як ҷуфт кроссовкаи «Air Jordan XI», ки дар он ҳимоятгари собиқи «Чикаго Буллз» Майкл Ҷордан дар бозии панҷуми силсилаи финалии мавсими 1995/96 бар зидди «Сиэтл Суперсоникс» бозӣ карда буд, ба маблағи $482 000 фурӯхта шуд. Он вақт «Чикаго» бо ҳисоби 78:89 шикаст хӯрд. Ҷордан дар ин бозӣ 43 дақиқа дар майдон буд, 26 хол гирифт, 4 паси баргашта (подбор), 1 паси голӣ ва 1 тӯбрабоиро (перехват) ба анҷом расонид. Назар ба ин шикаст, «Буллз» дар силсилаи бозиҳо бо ҳисоби 4–2 ғалаба ба даст овард. Ин унвони чемпионӣ барои Ҷордан чаҳорум буд. Қайд карда мешавад, ки дар ин кроссовкаҳо инчунин дастхати (автографи) шахсии баскетболист мавҷуд аст.
«Номи Майкл Ҷордан синоними бузургӣ шудааст. Муваффақияти беназири афсонаи НБА ҳамчун варзишгар хуб ҳуҷҷатгузорӣ шудааст ва шояд ҳеҷ гоҳ такрор нашавад: шаш чемпионии НБА, шаш бор беҳтарин бозингари финал, панҷ бор беҳтарин бозингари лига ва ду бор соҳиби медали тиллои Олимпида. Инҳо танҳо баъзе аз дастовардҳои Ҷордан дар майдонанд. Бисёриҳо Ҷорданро бузургтарин варзишгаре медонанд, ки дар ҷаҳон зиндагӣ кардааст», — гуфта мешавад дар паёми сомонаи расмии хонаи музояда.
Пештар дар музоядаҳои «Sotheby’s» дигар ашёи варзишии Майкл Ҷордан низ ба фурӯш гузошта шуда буданд. Моҳи сентябри соли 2022 майкаи бозигарии Ҷордан, ки ӯ дар он соли 1998 дар бозии аввали силсилаи финалии плей-оффи НБА муқобили «Юта» дар ҳайати «Чикаго» ба майдон баромада буд, ба маблағи $10,1 млн фурӯхта шуд ва гаронтарин ашёи хотиравии варзишӣ дар таърих гардид. Моҳи апрели соли 2023 дар музояда кроссовкаҳои Ҷордан, ки дар онҳо дар финали НБА-1998 бозӣ карда буд, ба маблағи $2,2 млн фурӯхта шуданд. Моҳи феврали соли 2024 аз музояда маҷмӯаи иборат аз шаш ҷуфт кроссовка фурӯхта шуд. Ин маҷмӯаи пурраи кроссовкаҳои «Air Jordan» буд, ки баскетболист дар онҳо дар шаш силсилаи финалии чемпионати НБА (1991, 1992, 1993, 1996–1998) ғалаба карда, инчунин беҳтарин бозингари лига эътироф шуда буд. Дар чаҳор ҷуфт кроссовка ӯ дастхати худро гузошта буд. Харидор барои ин лот $8 млн сарф кард, ки ин рекорд барои ин намуди либоси аз ҷониби варзишгарон дар бозиҳо истифодашуда мебошад.
Майкл Ҷордан 61-сола аст, дар давраи фаъолияти варзишии худ ӯ дар тими «Чикаго Буллз» ва «Вашингтон» бозӣ кардааст. Ин амрикоӣ шаш карат чемпиони Ассотсиатсияи миллии баскетбол (НБА) дар ҳайати «Чикаго» (1991, 1992, 1993, 1996, 1997, 1998) мебошад. Ҳамроҳ бо мунтахаби ИМА Ҷордан ду маротиба ғолиби Бозиҳои Олимпӣ (1984, 1992) шудааст. Он фаъолияти худро соли 2003 ба анҷом расонд. Ҷордан яке аз се варзишгаре мебошад, ки тавонистааст беш аз $1 млрд ба даст орад. Ба чунин дастовард Леброн Ҷеймс ва Тайгер Вудс низ ноил шудаанд.



