БИЗНЕС-КЛУБЯкдоларӣ бо тасвири Трамп

Якдоларӣ бо тасвири Трамп

-

Сиккахонаи Иёлоти Муттаҳида эълон кард, ки тангаи 1-доллараии соли 2026 бо тасвири президенти ИМА Доналд Трамп аз дирӯз, соати 12:00 ба вақти шарқии ИМА, барои харид дастрас мешавад.
Тибқи иттилои Сиккахонаи ИМА, ин тангаҳо ҳамчунин дар муомилоти пулии кишвар қарор доранд. Аз ин рӯ, Сиккахона аз мардум даъват кардааст, ки ҳангоми гирифтани бақияи пул ба тангаҳои дар дасташон буда диққат диҳанд ва барои коллексияи худ онҳоро ҷамъоварӣ кунанд.
Сиккахонаи ИМА дар паёми худ дар шабакаи иҷтимоии X бо истифода аз ҳештегҳои #CoinCollecting ва #America250 мардумро ба ҷамъоварии ин тангаҳо даъват кардааст.
Бо вуҷуди ранги тиллоӣ, дар таркиби танга тилло вуҷуд надорад. Он аз 88,5 дарсад мис, 6 дарсад руҳ, 3,5 дарсад манган ва 2 дарсад никел иборат аст. Танга дар Сиккахонаи Филаделфия сохта шудааст
Рӯйи аввали танга Трамп тасвир шуда, дар тарафи дигари танга Муҳри президентии ИМА тасвир шудааст. Дар сипар рақами 250 илова шудааст, ки ба 250-солагии ИМА ишора мекунад.
Соли 1926 президенти вақти ИМА Калвин Кулиҷ дар якҷоягӣ бо Ҷорҷ Вашингтон дар тангаи нимдолларӣ тасвир шуда буд. Ин танга ба муносибати 150-солагии истиқлоли Иёлоти муттаҳидаи Амрико бароварда шуда, Кулиҷ аввалин президенти амалкунандаи ИМА гардид, ки ҳангоми зинда буданаш тасвираш дар тангаи амрикоӣ ҷой гирифт.
Аммо он танга хотиравӣ буд ва барои муомилот пешбинӣ нашуда буд. Аз ин рӯ, заминаи ҳуқуқии баровардани тангаи Трамп барои муомилоти васеъ мавриди баҳс қарор гирифтааст.
Қонунгузории ИМА дар маҷмӯъ ҷой додани тасвири президентҳои зиндаро дар тангаҳо манъ мекунад. Аммо маъмурияти Трамп ба қонуни Circulating Collectible Coin Redesign Act of 2020 такя мекунад. Ин қонун, ки Трамп дар давраи аввали президентии худ имзо карда буд, ба вазири молия иҷозат медиҳад, ки дар соли 2026 ба муносибати 250-солагии ИМА тангаҳои 1-доллараро бо тарҳи махсус барорад.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Роҳпаймоии роботҳо дар Варшава. Онҳо чӣ мехостанд?

Дар Варшава 30 робот бо парчамҳо роҳпаймоӣ карда, дар назди Вазорати умури рақамии ин кишвар шиорҳо сар дода, аз...

Шаршараи Ниагара рангҳои парчами давлатии Тоҷикистонро ба худ гирифт

Сафорати Тоҷикистон дар Амрико хабар медиҳад, ки ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон шаршараи боҳашамати Ниагара рангҳои парчами давлатии...

Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак!

9 сентябр — Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак бод! 35 сол қабл халқи мо роҳи худро интихоб кард —...

Ню-Йорк истифодаи зеҳни сунъиро барои хонандагони синфҳои поёнӣ барои як сол манъ мекунад

Дар шаҳри Ню-Йорк истифодаи абзорҳои тавлидкунандаи зеҳни сунъӣ барои хонандагони мактабҳои ибтидоӣ ва миёна дар соли таҳсили ҷорӣ манъ...
spot_imgspot_img

Вазири корҳои дохилӣ аз “Шаҳри ҳушманд” дидан кард

КВД “Шаҳри ҳушманд” ё Smart City Dushanbe иттилоъ медиҳад, ки 6 сентябр Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии кишвар аз маркази...

Дар бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ чӣ гузашт?

Намоишгоҳи IFA 2026 дар Берлин чӣ гуна гузашт? IFA бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ ва...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад