Сафорати Тоҷикистон дар Амрико хабар медиҳад, ки ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон шаршараи боҳашамати Ниагара рангҳои парчами давлатии Тоҷикистонро дар худ таҷассум кард. Ҳамчунин навори ҷашнӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон рӯзи 8-9 сентябри соли 2026 дар маркази шаҳри Ню-Йорк — майдони «Таймс Сквер» 24 бор (ҳар соат дар давоми шабонарӯз) пахш гардид.



