МУВАФФАҚИЯТТақсимоти такрорӣ: то 1 сентябр ба муассисаи таълимӣ ҳозир нашавед, аз...

Тақсимоти такрорӣ: то 1 сентябр ба муассисаи таълимӣ ҳозир нашавед, аз ҳуқуқи таҳсил маҳрум мегардед

-

29 август натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории иловагии довталабон тибқи имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Тоҷикистон дар соли 2022 эълон гардид.

Утоқҳои инфиродии довталабон низ рӯзи худи ҳамон рӯз фаъол гардида, воридшавии довталабон ба кабинетҳои инфиродияшон аз ҳамин рӯз имконпазир гардид.

Агар довталаб дар тақсимоти такрории иловагӣ аз рӯйи комбинатсияи ихтисоси 1-уми интихобкардааш комёб гардида бошад, дар сутуни “Бали гузариш”-и бахши “Натиҷаи тақсимот”-и кабинети инфиродиаш танҳо барои ҳамин комбинатсия бали гузариш нишон дода мешавад ва маълумот дар бораи комбинатсияи ихтисосҳои бартариашон пасттари интихобкардааш, аз ҷумла ихтисосҳо ва балҳои гузариши онҳо, нишон дода намешавад.

Агар довталаб дар тақсимоти такрории иловагӣ тибқи комбинатсияи ихтисоси ғайр аз 1-уми интихобкардааш комёб гардида бошад, дар сутуни “Бали гузариш” барои комбинатсияи ихтисоси тибқи он комёбгардида ва комбинатсия(ҳо)-и ихтисос(ҳо)-е, ки аз рӯйи он(ҳо) комёб нагардидааст, бали гузариш нишон дода мешавад. Масалан, агар довталаб аз рӯйи комбинатсияи ихтисоси 4-уми интихобкардааш комёб гардида бошад, дар сутуни “Бали гузариш” барои комбинатсияҳои ихтисосҳои аз 1-ум то 4-уми интихобкардааш бали гузариш нишон дода мешавад. Дар сурати комёб гардидани довталаб мувофиқи яке аз комбинатсияи ихтисосҳои интихобкардааш маълумот дар бораи комбинатсияи ихтисосҳои бартариашон пасттари довталаб, аз ҷумла ихтисосҳо ва балҳои гузариши онҳо, нишон дода намешавад.

Тибқи тартиби муқарраргардида, дар сурати то 1‑уми сентябр ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбии дахлдор ҳозир нашудани довталаб ва ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод накарданаш ӯ аз ҳуқуқи қабул шудан ба муассисаи таълимӣ маҳрум мегардад.

Акс аз интернет

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

250 сол озодӣ, 35 сол шарикӣ: чӣ ба даст омад?

Ҳамкории мо дар соҳаи фарҳанг низ густариш меёбад.  Дар давоми бисту панҷ соли дар доираи лоиҳаҳои Фонди сафирон барои...

Оё дар Моҳ шаҳр сохтан мумкин аст? Олимон ба захираи об шубҳа доранд

Бо вуҷуди пешрафтҳои ахир дар харитасозии сатҳи Моҳ барои арзёбии имкони бунёди шаҳрҳои моҳтобӣ, як таҳқиқоти нав интизориҳоро дар...

ProPublica: Умар Кремлёв як қисми хароҷоти тӯйи писари Трампро пардохт кардааст

Мақоми варзишии Русия ва олигарх Умар Кремлёв хароҷоти иҷораи ҷазираи хусусӣ ва оташбозӣ ё фейерверкро барои баргузории тӯйи Доналд...

Вазири фарҳанги Исроил хост шаҳрвандии ду коргардони барандаи «Оскар» бекор карда шавад

Вазири фарҳанги Исроил даъват кард, ки шаҳрвандии коргардонҳои исроилӣ Ювал Авраҳам ва Рейчел Сзор, барандагони ҷоизаи "Оскар", ки филми...
spot_imgspot_img

Чин барои кишварҳои БРИКС «минтақаи зеҳни сунъии дорои манбаи боз» таъсис медиҳад

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин рӯзи якшанбе дар нишасти кишварҳои БРИКС дар Деҳлӣ изҳор дошт, ки Чин ташкили...

Роҳпаймоии роботҳо дар Варшава. Онҳо чӣ мехостанд?

Дар Варшава 30 робот бо парчамҳо роҳпаймоӣ карда, дар назди Вазорати умури рақамии ин кишвар шиорҳо сар дода, аз...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад