ОЛАМИ МАҶОЗӢХадамоти федералии зиддиинҳисории Русия ба ширкати Apple ҳушдор дод

Хадамоти федералии зиддиинҳисории Русия ба ширкати Apple ҳушдор дод

-

Хадамоти федералии зиддиинҳисории Русия ба ширкати амрикоии Apple ҳушдор дод. Дар изҳороти ин ниҳод омадааст, ки ширкат бояд шароити табъизомезро нисбат ба пойгоҳҳои ҷустуҷӯии Русия бартараф намуда, талаботи қонунгузории Русияро оид ба насби пешакии нармафзори ватанӣ дар дастгоҳҳои дорои низоми амалиётии iOS иҷро кунад.

Ба Apple барои иҷрои ин талабот то 15 июли соли 2026 муҳлат дода шудааст. Дар сурати иҷро нашудани он, ФАС нисбат ба ширкат парванда оғоз хоҳад кард. Агар дар ҷараёни баррасӣ нақзи қонун дар бораи ҳифзи рақобат исбот шавад, ширкат метавонад то 4 миллиард рубл ҷарима шавад.

ФАС таъкид мекунад, ки дар дастгоҳҳои дорои низоми амалиётии iOS (iPhone ва iPad) ба таври пешфарз як низоми ҷустуҷӯии хориҷӣ насб шудааст. Барои истифода аз системаҳои ҷустуҷӯии Русия, корбар бояд танзимотро дастӣ тағйир диҳад. Ба назари ФАС, чунин ҳолат барои таҳиягарони системаҳои ҷустуҷӯии русӣ шароити табъизомез фароҳам меорад.

Дар охири моҳи июн Вазорати рушди рақамии Русия аз ФАС дархост кард, ки масъалаи риоя накардани қонунгузории Русия аз ҷониби Apple-ро ҳарчи зудтар баррасӣ намояд. Ин иқдом пас аз он сурат гирифт, ки Apple барномаҳои холдинги VK-ро аз мағозаи App Store хориҷ кард.

Ба гуфтаи Вазорати рушди рақамӣ, ширкати амрикоӣ аҳамияти иҷтимоии барномаҳои хориҷшударо, ки шаҳрвандони Русия онҳоро барои муошират ва дастрасӣ ба иттилоот истифода мебаранд, нодида мегирад.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Конститутсия — роҳнамои мо ба сӯи ҷомеаи ҳуқуқбунёд!

Конститутсия танҳо маҷмӯи моддаву меъёрҳои ҳуқуқӣ нест. Он санадест, ки ҳуқуқу озодиҳои моро ҳифз мекунад ва масъулияти ҳар яки...

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....
spot_imgspot_img

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад