МУВАФФАҚИЯТАмрӣ Аминов: гузоштани муҷассамаи бузургон қарз ва фарз аст!

Амрӣ Аминов: гузоштани муҷассамаи бузургон қарз ва фарз аст!

-

Амрӣ Аминов, узви фахрии Академияи санъати Русия, узви Иттифоқҳои рассомони Русияву Фаронса, шаҳрванди фахрии шаҳри Сен Жермен Онлеи Фаронса аст. Соли 2008 ба ин ҳунарманди тоҷик унвони фахрии «Наққош барои Сулҳ»-и ЮНЕСКО» дода шуд.

Беш аз 30 сол аст, ки дар шаҳри Сен Жермен Онле, воқеъ дар 20-километрии Париж зиндагӣ мекунад. Амрӣ Аминов баъди сохтани муҷассамаи маликаи Шомбурсӣ, унвони шаҳрванди ифтихории Сен Жермен Онлеро ба даст овард. Соли 2006 ин пайкараи маликаи Шомбурсиро офарида буд, ки аз ҷониби шаҳрдорӣ чун рамзи шаҳр эътироф шудааст.

Ин ҳайкалтароши тоҷик соли 1966 дар деҳаи  Гуссари Панҷакент, дар оилаи оҳангар ба дунё омадааст.

Айни ҳол дар зодгоҳаш-Панҷакент қарор дорад ва ҳамкори мо-Абдусамад Аминов ӯро пайдо карда, ба чанд суолаш посӯх гирифт. Аз ҷумла, сабаби ихтиёр кардани Фаронса ҳамчун макони сукунат, нигоҳи ӯ ҳамчун Сафири Сулҳ ба вазъи ҷаҳон, нақшаҳои минбаъдааш  аз ӯ пурсидааст ки дар навори зер посухро мушоҳида намоед:

Абдусамад Аминов

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
7
+1
2
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

250 сол озодӣ, 35 сол шарикӣ: чӣ ба даст омад?

Ҳамкории мо дар соҳаи фарҳанг низ густариш меёбад.  Дар давоми бисту панҷ соли дар доираи лоиҳаҳои Фонди сафирон барои...

Оё дар Моҳ шаҳр сохтан мумкин аст? Олимон ба захираи об шубҳа доранд

Бо вуҷуди пешрафтҳои ахир дар харитасозии сатҳи Моҳ барои арзёбии имкони бунёди шаҳрҳои моҳтобӣ, як таҳқиқоти нав интизориҳоро дар...

ProPublica: Умар Кремлёв як қисми хароҷоти тӯйи писари Трампро пардохт кардааст

Мақоми варзишии Русия ва олигарх Умар Кремлёв хароҷоти иҷораи ҷазираи хусусӣ ва оташбозӣ ё фейерверкро барои баргузории тӯйи Доналд...

Вазири фарҳанги Исроил хост шаҳрвандии ду коргардони барандаи «Оскар» бекор карда шавад

Вазири фарҳанги Исроил даъват кард, ки шаҳрвандии коргардонҳои исроилӣ Ювал Авраҳам ва Рейчел Сзор, барандагони ҷоизаи "Оскар", ки филми...
spot_imgspot_img

Чин барои кишварҳои БРИКС «минтақаи зеҳни сунъии дорои манбаи боз» таъсис медиҳад

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин рӯзи якшанбе дар нишасти кишварҳои БРИКС дар Деҳлӣ изҳор дошт, ки Чин ташкили...

Роҳпаймоии роботҳо дар Варшава. Онҳо чӣ мехостанд?

Дар Варшава 30 робот бо парчамҳо роҳпаймоӣ карда, дар назди Вазорати умури рақамии ин кишвар шиорҳо сар дода, аз...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад