ВАРЗИШМуин Ғафуров: баъди пирӯзӣ дар UFC ба Тоҷикистон бармегардам

Муин Ғафуров: баъди пирӯзӣ дар UFC ба Тоҷикистон бармегардам

-

Муин Ғафуров размкори шинохтаи тоҷик бори дигар таъдид намуд, ки ба UFC мебарояд.

Баъди пирӯзӣ дар UFC ба Тоҷикистон бармегардам. Интизори муҳориба барои унвон (титул) ҳастам.”,-қайд намудааст ӯ зимни мусоҳибааш бо бо ютубер Баҳриддин Ҷалолов.

Муин ҳоло дар Амрико қарор дорад ва бештари вақташро ба тамрин сипарӣ мекунад. Айни ҳол дар яке аз толорҳои варзишии Верҷиния машқ дорад. “Кам кам кор мекунам. Ин айб нест, ҳади ақал барои бензин ва либос…”,-мегӯяд Муин.

Ёдовар мешавем, ки моҳи декабри соли гузашта Муин Ғафуровро аз ширкат дар мубориза давоми шаш моҳ маҳрум намуда буданд. Барои ташхиси мусбати допинг размкори тоҷик Муин Ғафуровро аз ҳаққи ширкат дар набрдҳо барои шаш моҳ маҳрум кардаанд, хабар дода буд MMA Fighting.

Санҷиш муайян кардааст, ки дар тани ӯ маводи барои варзишкорон мамнуи канренон мавҷуд аст.

Ғафуров охирин қувваозмоии худро бо Чад Анҷелигери канадагӣ моҳи сентябри соли гузашта дар чаҳорчӯби мусобиқаи «Dana White’s Contender Series» анҷом дода буд.

Дар сурати пирӯзӣ Муин метавонист дар таърих ҳамчун аввалин размкор аз Тоҷикистон, ки бо UFC шартнома баст, сабт шавад, аммо бо қарори доварон ӯ мағлуб эълон шуд.

Размкори ҷавон рақобатҳои касбияшро аз соли 2013 оғоз карда, то кунун 21 разм гузаронидааст, ки 18-тои онро бо пирӯзӣ ва чортоашро бо бохт анҷом додааст.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
2
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

250 сол озодӣ, 35 сол шарикӣ: чӣ ба даст омад?

Ҳамкории мо дар соҳаи фарҳанг низ густариш меёбад.  Дар давоми бисту панҷ соли дар доираи лоиҳаҳои Фонди сафирон барои...

Оё дар Моҳ шаҳр сохтан мумкин аст? Олимон ба захираи об шубҳа доранд

Бо вуҷуди пешрафтҳои ахир дар харитасозии сатҳи Моҳ барои арзёбии имкони бунёди шаҳрҳои моҳтобӣ, як таҳқиқоти нав интизориҳоро дар...

ProPublica: Умар Кремлёв як қисми хароҷоти тӯйи писари Трампро пардохт кардааст

Мақоми варзишии Русия ва олигарх Умар Кремлёв хароҷоти иҷораи ҷазираи хусусӣ ва оташбозӣ ё фейерверкро барои баргузории тӯйи Доналд...

Вазири фарҳанги Исроил хост шаҳрвандии ду коргардони барандаи «Оскар» бекор карда шавад

Вазири фарҳанги Исроил даъват кард, ки шаҳрвандии коргардонҳои исроилӣ Ювал Авраҳам ва Рейчел Сзор, барандагони ҷоизаи "Оскар", ки филми...
spot_imgspot_img

Чин барои кишварҳои БРИКС «минтақаи зеҳни сунъии дорои манбаи боз» таъсис медиҳад

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин рӯзи якшанбе дар нишасти кишварҳои БРИКС дар Деҳлӣ изҳор дошт, ки Чин ташкили...

Роҳпаймоии роботҳо дар Варшава. Онҳо чӣ мехостанд?

Дар Варшава 30 робот бо парчамҳо роҳпаймоӣ карда, дар назди Вазорати умури рақамии ин кишвар шиорҳо сар дода, аз...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад