ВАРЗИШКӣ духтаронро аз варзиш дур мекунад?

Кӣ духтаронро аз варзиш дур мекунад?

-

Яке аз нигарониҳои роҳбарияти Кумитаи ҷавонон ва варзиш ин аст, ки духтарон баъди тамринҳо аз ширкат дар мусобиқаҳои варзишӣ даст мекашанд.

Абдулло Раҳмонзода, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ мегӯяд, теъдоди ҷавондухтароне, ки аз иштирок дар мусобиқаҳои варзишӣ даст мекашанд, хеле зиёд гаштааст. Ба таъкиди Абдулло Раҳмонзода, аз шумораи 102 ҳазор нафаре, ки дар мактабҳои варзишӣ ва толорҳо тамрин мекунанд, ҳамагӣ 14 357 нафари онҳоро занон ва бонувон ташкил медиҳанд.  

“Ҳамасола, аз 2 то 4 фоиз рӯй овардани ҷавондухтарон ба варзиш афзоиш меёбад. Аммо аксарияти духтарон на танҳо пас аз оиладор шудан, балки баъди хатми мактаби миёна аз иштирок дар олимпиадаҳои варзишӣ даст мекашанд. Ман фикр мекунам, ки ин марбут ба мафкура ё ин ки ба “минталитет”-и мардуми мо аст.”,-зикр намуд раиси кумита зимни нишасти матбуотӣ.

Ба иттилои Абдулло Раҳмонзода, аксарияти духтароне, ки дар мактабҳои варзишӣ тамрин мекунанд то 13 – сола ҳастанд. “Шумораи духтарони болиғ нисбат ба духтарони ноболиғ ба маротиб камтар аст. Имрӯзҳо мо кушиш карда истодаем, ки барои ҷалби бештари занон барои иштирок дар чорабиниҳои оммавии варзишӣ корҳои муаянеро ба сомон расонем.”,-таъкид намуд Абдулло Раҳмонзода.

Хабарнигори тоҷик Мафтуна Шукурова, ки сабабу омилҳои даст кашидани бонувон аз варзишро таҳқиқ кардааст, мегӯяд, дар аксар ҳолат волидон сади роҳи ин духтарон мегарданд.

“Бештари духтарон дар мусоҳибаҳо ба мо гуфтанд, сабаби асосии тарки варзиш кардан, расидан ба синни балоғат ст. Зеро, ба гуфтаи онҳо, волидонашон мехоҳанд, пас аз хатми мактаби миёна духтаронашон зуд оиладор шаванд… Омилҳо хеле зиёд аст. Яке аз онҳо минталитети мардуми мо ҳаст…”,-мегӯяд Мафтуна Шукурова.

Фотима Гадоева 17 сол дошта, ба варзиши вазнин, яъне, гуштини ҷудо машғул аст. Ӯ 4 бор дар мусобиқаҳои Осиёи Марказӣ мақоми аввалро соҳиб гардидааст.  

Фотима аз 6 — солагӣ ба ин навъи варзиш машғул аст. Ҳатто ҷавонписаронро ҳам дар гуштини ҷудо мағлуб мекунад. Акнун ки ба балоғат мерасад, волидонаш тасмим гирифтаанд, ки ӯро аз варзиш дур кунанд. Соли оянда Фотима 18 — сола мешавад. Аз ин рӯ, падару модараш мехоҳанд, вай аз варзиш даст кашида ба шавҳар барояд. Зеро, ба андешаи онҳо вазифаи ҳар як зане, ки ба камол мерасад шавҳар кардану ба тавлиду тарбияи фарзанд машғул шудан аст. Аммо новобаста аз тасмими онҳо устодаш Равшан Баҳодурзода аз ояндаи Фотима умеди зиёд дорад.

Фотима Гадоева ҳамроҳ бо устодаш Равшан Баҳодурзода

Варзишгарони собиқадор ва ё устодони варзиш низ аз бархурд ва монеа шудани волидон нисбати варзиши духтарон изҳори нигаронӣ мекунанд. Аз ҷумла қаҳрамони бозиҳои олимпӣ ва бонуи мушзани тоҷик Мавзуна Чориева бар он назар аст, ки занҳо бояд ҳамеша тамрин кунанд, зеро, агар зан ҷисман солим бошад, фарзанди солим ба дунё меорад. “Ҷомеаи мо то ҳол варзиши занонаро дар сатҳи зарурӣ қабул накардаанд. Варзишро занон ба хотири саломатӣ интихоб мекунанд. Ҷомеаро занон обод мекунанд. Чунки зани солим фарзанди солим ба дунё меорад. Аз ин рӯ, занон бояд тамрин кунанд.”,- таъкид менамояд Мавзуна Чориева.

Мавзуна Чориева. Акс аз Шабакаи интернет

Устоди варзиши байналмилалӣ Асомиддин Сангинов бар он назар аст, ки баъзе духтарон ба варзиш шавқ доранд, аммо волидони онҳо садди роҳашон мегарданд.

Асомиддин Сангинов

“Баъзе падару модароне ҳаст, ки худашон духтарҳояшонро ба варзиш ҷалб мекунанд. Боз ҳаст баъзан волидоне, ки намехоҳанд духтаронашон тамрин кунанд. Дар ҳамин толори варзишии мо духтароне, ки бо хоҳиши худашон барои тамрин омада буданд, падару модарашон омада онҳоро гирифта бурданд.”,-мегӯяд Асомиддин Сангинов.

 Баҳруллои М.

Акси асосӣ аз sputnik-tj

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
3
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Тоҷикистон ба SpaceX/Starlink харитаи роҳи ҳамкориро пешниҳод намуд

Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон бо дастаи SpaceX/Starlink мулоқоти кории онлайн баргузор намуд. Дар ҷараёни мулоқот...

Lenovo 33 соат бидуни пуркунии дубораи барқ кор кунад

Lenovo фурӯши ҷаҳонии ноутбуки нави IdeaPad 5 2-in-1 14Q8Y11-ро дар асоси платформаи Qualcomm Snapdragon X2 оғоз кард.  Вазни ин...

Доварони тоҷик дар семинари элитаи Конфедератсияи футболи Осиё

Дар Маркази миллии футболи шаҳри Тошканд семинари доварони элитаи Конфедератсияи футболи Осиё ҷараён дорад, ки дар он 92 довар...

То ҷашни 35-солагии истиқлоли давлат дар саросари кишвар ҳудуди 30 ҳазор иншоот бунёду азнавсозӣ мешавад

Дар саросари кишвар бунёду азнавсозии 29 518 иншооти таъйиноти гуногун то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба нақша гирифта шудааст....
spot_imgspot_img

Microsoft гурӯҳи ҳакерии Русияро ба ҳамлаҳо тавассути Wi-Fi-и меҳмонхонаҳо муттаҳам кард

Ширкати Microsoft аз як маъракаи ҳакерӣ хабар дод, ки ба инфрасохтори шабакаҳои Wi-Fi барои меҳмонон дар меҳмонхонаҳо ва марказҳои...

Roblox $70 миллиард арзиши бозории худро аз даст дод

Ширкати Roblox Corporation дар ҳисоботи семоҳаи худ эътироф кард, ки аз моҳи июли соли 2025 то моҳи июли соли...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад