ОЛАМИ МАҶОЗӢХабари фейкӣ: маълумоти бардурӯғ ё аз ҳад зиёд таҳрифшуда

Хабари фейкӣ: маълумоти бардурӯғ ё аз ҳад зиёд таҳрифшуда

-

Акси фейкӣ бо истифода аз зеҳни сунъӣ. Манбаъ: Интернет

Хабарҳои қалбакӣ ё фейкӣ дидаву дониста нашри маълумоти комилан бардурӯғ ё аз ҳад зиёд таҳрифшуда дар шакли матн, акс ё навор аст, ки  тавассути ин ё он расона ё шабакаҳои иҷтимоӣ сурат мегирад.

Аксарият хабарҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар манбаҳои интернетӣ мехонанд. Бо вуҷуди ин, на ҳама вақт муайян кардан осон аст, ки кадом маълумот дуруст аст ва кадоми он нодуруст.

Баъзан худи хабар метавонад дуруст, аммо сарлавҳаи он гумроҳкунанда бошад. Ин метавонад боиси афзоиши хабарҳои фейкӣ гардад. Зеро, шабакаҳои иҷтимоӣ, одатан сарлавҳа ва қисмати ками матнро нишон медиҳанд.

Хабарҳои фейкӣ одатан тавассути манбаҳои хабарии фейкӣ паҳн мешаванд. Бинобар ин, суроғаи саҳифаҳоеро, ки  хабарашро фейк меҳисобед, санҷед.

Инчунин пайгирӣ кунед, ки манбаҳои машҳури хабарӣ дар ин бора хабар додаанд? Оё манбаҳои боэътимод дар мақола оварда шудаанд?

Ҳамчунин дар бораи муаллиф маълумот ҷустуҷӯ кунед то дақиқ намоед, ки  ба ӯ бовар кардан мумкин аст ё не? Оё чунин шахс дар дунё вуҷуд дорад?

Мутаассифона, одамон нисбат ба хабарҳои воқеӣ бештар хабарҳои фейкиро бо ҳамдигар мефиристанд.

Овозаҳои болоравии нархи орд, сӯзишворӣ ва дигар маводи озуқа таъсири амиқе ба руҳу равони мардум расонд. Баъди нашру паҳни акси муз (банан) бо лаккаи сурхи хунмонанд, ки  гӯё инсонро ба ВИЧ гирифтор мекунад, аксарият ба он бовар карданд.

Нашри маълумоти фейкӣ аз номи ин ё ниҳод ва паҳни он тариқи месенҷеру шабакаҳои иҷтимоӣ мардумро ба гумроҳӣ мебарад. Бинобар ин, вокуниши сареъ сурат бигирад.

Моҳи январи соли равон аз номи Вазорати маориф ва илми кишвар хабар паҳн гардид, ки гӯё таътили хонандагон то 25-уми январ ё то 1-уми феврал тамдид шудааст.
«Хабарҳои мазкур давоми имрӯз тавассути мессенҷерҳою шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуда, миёни аҳолӣ нофаҳмиҳои зиёдро ба миён овардааст.
Аз ин рӯ, Вазорати маориф ва илм таъкид медорад, ки шаҳрвандон ба ин гуна хабарҳои фейкӣ бовар накунанд ва танҳо ба хабарҳое эътимод намоянд, ки дар сомонаи расмии Вазорат нашр шудааст.»,-даъват намуда буд ин вазорат.
Изҳороти Вазорати маориф дар саҳифаи фейсбукии ин ниҳод

Маълум кардани акси дар ин ё он маводи истифодашуда хеле осон аст.

Тасвирро ҳамчун намуна дар Google Pictures ё Yandex.Images ё tineye ворид мекунем.

Василаҳои ҷусторӣ маълумотро дар бораи ин акс пешниҳод мекунанд, ки аввалин бор кай кадом сомона ин аксро истифода кардааст. Дар ин ҳолат, маълумоти бештарро дар бораи акс ба даст меорем. Агар ҷустуҷӯ ягон натиҷа надиҳад, ба ин маъност, ки тасвир нав аст.

Пас шумо бояд тафтиш кунед, ки оё акс дар Photoshop тағйир дода нашудааст.

Акси тағйирдода бо барномаи Photoshop. Манбаъ: интернет

Бо FotoForensics, JPEGsnoop, Serelay, Truepic ва  Forensically низ метавонед қалбакӣ будан ё набудани аксҳоро мушаххас кунед.

Вақте видеои шубҳанокро тамошо мекунед, сарчашмаро санҷед!

Кӯшиш кунед иттилоот ва видеоро аз сарчашмаҳои боэътимод дастрас кунед.

-Ҳамон видео ё видеои дигареро вобаста ба он мавзӯъ, ҳодиса ё офати табиӣ аз сарчашмаҳои дигар ёбед.

-Агар видеои аслӣ ё видеои дигареро вобаста ба ин мавзӯъ пайдо накардед, метавонед дар бораи ин ҳодиса иттилооту хабарҳоро дар шакли матн ё сурат ҷустуҷӯ кунед.

-Шумо ҳамчунин метавонед аз барномаҳои гуногун истифода баред, то дурустии видеоро санҷед, масалан Youtube DataViewer.

Ба бовари Рустам Гулов, коршиноси соҳаи IT, акнун видеоҳои қалбакӣ ё фейкӣ низ меафзояд ва дар умум хабарҳои фейкӣ ба афкори ҷавонон таъсир мерасонад.

«Баъзе нафарон хабарҳои фейкиро бо мақсади ҳаҷвӣ месозанд. Чунончӣ ин корро сомонаи «Панорама» мекунад. Баъзе нафарон бо ғаразҳои сиёсиву қаллобӣ хабарҳои дурӯғиро сохта, паҳн мекунанд то мухотабонро ба гумроҳӣ баранд. Шаклҳои фейкҳо низ тағйир ёфта истодаанд. Агар пештар фейкҳои матниро сохта паҳн кардан нисбатан осонтар буд, пас, имрӯзҳо бо рушди зеҳни сунъӣ сохтани аксҳо ва ҳатто видеоҳои фейкӣ хеле осон шуда истодааст. Аксҳои лаҳзаҳои дастгир кардани собиқ президенти Амрико Доналд Трамп аз ҷониби пулис ва Попи Рум бо либоси дар муд буда ва гаронарзиш, ки хеле паҳн шудаанд, мисоли тозаи сохтани фейкҳо бо истифода аз зеҳни сунъӣ мебошанд. Дар баъзе мавридҳо фейкҳо сабабгори шабро дар кӯча гузаронидан ва ба доми дуздон афтидани одамон шуданд. Чуноне ки якчанд сол пеш ин ҳолат натиҷаи паҳни хабари фейкӣ дар бораи ба вуқӯъ пайвастани заминларза дар кишвари мо буд, дар дигар маврид ба зарари молиявии ширкатҳо оварда мерасонад.»,-мегӯяд Рустам.

Агар видеои шубҳанокро тамошо мекунед, сарчашмаро санҷед!

-Кӯшиш кунед иттилоот ва видеоро аз сарчашмаҳои боэътимод дастрас кунед;

-Ҳамон видео ё видеои дигареро вобаста ба он мавзӯъ, ҳодиса ё офати табиӣ аз сарчашмаҳои дигар ёбед;

-Агар видеои аслӣ ё видеои дигареро вобаста ба ин мавзӯъ пайдо накардед, метавонед дар бораи ин ҳодиса иттилооту хабарҳоро дар шакли матн ё сурат ҷустуҷӯ кунед;

-Шумо ҳамчунин метавонед аз барномаҳои гуногун истифода баред, то дурустии видеоро санҷед, масалан Youtube DataViewer.

Пурра муайян кардани фейк айни ҳол ғайриимкон аст. Аммо як қоида вуҷуд дорад: ҳар қадаре, ки шумо абзорҳои санҷишро бештар истифода баред, манбаҳои бештарро фаро гиред, эҳтимолияти ошкор кардани фейк ҳамон қадар зиёд мешавад.

Маълумоти бештар дар эксплейнери навбатии мо:

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
5
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Русия мусодираи криптоасъорро қонунӣ кард

Думаи давлатӣ лоиҳаеро қабул кард, ки мусодираи криптоасъорро танзим мекунад. Думаи давлатӣ дар хониши аввал лоиҳаеро қабул намуд, ки тартиби...

Роскосмос: Русия аввалин Нерӯгоҳи барқии атомиро дар Моҳ месозад

"Роскосмос": Русия аввалин Нерӯгоҳи барқии атомиро дар Моҳ месозад ва Зуҳраро таҳқиқ мекунад. Ба иттилои kommersant рӯйхати вазифаҳои "Роскосмос" аз...

Чораҳои маъмурӣ нисбат ба «Бобои Қанд»

"Парвиз ТВ" тариқи шабакаи иҷтимоии instagram хабар дод, ки Маҳмад Пирназарови 64-сола мулаққаб бо "Бобои Қанд" аз ҷониби кормандони...

Мехоҳед дар Амрико забони тоҷикӣ дарс диҳед?

Барномаи Фулбрайт омӯзгорони забони хориҷиро ба Амрико даъват мекунад. Омӯзгоронии ҷавони забони англисӣ ё мутахассисони донишгоҳ аз Тоҷикистон метавонанд...
spot_imgspot_img

Шаҳрвандони Эрон то 30 рӯз метавонанд бидуни сабт дар мақомоти корҳои дохилӣ дар Тоҷикистон бимонанд

Акнун шаҳрвандони Эрон то 30 рӯз метавонанд бидуни сабт дар мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон дар ҳудуди кишвари мо бимонанд. Шурӯъ...

Павел Дуров: аз телефони мобилӣ истифода намебарам

Павел Дуров Бунёдгузори Telegram дар як мусоҳиба бо рӯзноманигори амрикоӣ Такер Карлсон гуфтааст, аз телефони мобилӣ истифода намебарад, зеро...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад