ЗАБОНОМӮЗӢМедали тиллои Омина аз Олимпиадаи байналмилалии Teeneagle ONLINE

Медали тиллои Омина аз Олимпиадаи байналмилалии Teeneagle ONLINE

-

Омина Худоиқулова, хонадаи синфи 8- и Литсейи давлатии №1- и ноҳияи Восеъ дар Олимпиадаи байналмилалии Teeneagle ONLINE мақоми аввалро соҳиб гардид. Ин олимпиада дар Бритониёи Кабир баргузор гардид.

Ҳадаф аз барузории ин олимпиада дар сатҳи баланд омӯхтани забони англисӣ буда, иштирокчиёне, ки дар ҳама даврҳои олимпиада ғолиб меоянд, тибқи низомномаи озмун дар 12 донишгоҳи бонуфӯзи Англия роҳхат ба даст меоранд ва метавонанд ройгон таҳсил намоянд.

Ёдовар мешавем, ки чанде қабл ӯ дар олимпиадаи фосилавӣ низ мақоми аввал ва медали тиллоро соҳиб шуда буд.

Омина Худоиқулова чаҳор сол қабл ба омӯзишӣ забонҳои хориҷӣ  шурӯъ кард:
“Хушбахтона, имрӯз заҳматҳоям самар овард. Аз миёни чанд давлати хориҷӣ ман як духтари деҳотӣ ва аз Тоҷикистон ғолиб омада, соҳиби медали тилло гардидам. Ин ифтихори ману хонавода ва тамоми устодонам мебошад.”,-мегӯяд О. Худоиқулова.

Омина соли 2021 дар озмуни ҷумҳуриявӣ аз фани забони англисӣ мақоми аввалро соҳиб гардида буд.

“Омина бародар дорад, вале хоҳар не. Бештар худомӯзӣ мекунад, 12 сол дошт ва ба ман пешниҳод кард, ки ӯро ба назди омӯзгори фанни забони англисӣ барам, то ин забонро омӯзад. Ман шароити хонаданро барояш фароҳам овардам, худаш талош кард. Хушбахтона, имрӯз натиҷаи заҳматҳояш моро хурсанд мекунад.”,- бо қаноатмандӣ мегӯяд падари Омина.

Ҷамолиддин Фатоев, устоди Омина Худоиқулова аз ғолиб омадани шогирдаш дар олимпиадаи байналмилалӣ мефахрад.

Ҳамеша тариқи интернет эълони олимпиада ва озмунҳои фанниро ҷустуҷӯ карда, ба шогирдонаш пешниҳод мекунад.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
3
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад