МУВАФФАҚИЯТКори Дилноза дар театр ва ҳамкорӣ бо блогерон

Кори Дилноза дар театр ва ҳамкорӣ бо блогерон

-

Дилноза хатмкардаи риштаи актёрии Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода буда, ҳоло ҳунарпешаи Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов аст.

Ӯ зодаи шаҳри Панҷакент аст. Дар ибтидо орзуи ҳунарманд шуданро надошт. Мехост шашмақомхон бошад, вале вақти бақайдгирӣ дар Маркази миллии тестӣ, ихтисоси актёриро интихоб карду дар вақти таҳсил ба он меҳр баст.

Дилноза мегӯяд, дар донишкада аз устодоне чун Қурбони Собир ва Нозими Мелик дарси актёрӣ омӯхтааст ва маҳз бо тавсияву роҳнамоии эшон ба дарсҳо ҷиддӣ машғул шуда, имрӯз соҳиби ҷойи кор шуд.

Ӯ собит карданист, ки ҳунарманд будани зан бероҳагӣ нест, балки ин соҳа барои марду зан яксон аст ва ҳама ҳунармандон як рисолат доранд, ҳолати ҷомеаро нишон додан ва мардумро ба роҳи дуруст ҳидоят кардан.
Дилноза пас аз хатми донишкада ба театр рафт, вале онро тасодуфӣ намедонад:
«Устодон моро аз курси аввал ба тамошои намоишномаҳои театрӣ роҳнамоӣ мекарданд. Ман дар театр вақти тамошои ин ё он намоиш ба ҷойи ҳунармандон худамро тасаввур мекардам ва кӯшиш мекардам, ки барои иҷрои нақшҳои иҷрошуда гузинаҳои худамро дошта бошам.»
Инчунин, ҳамсуҳбати мо дар якчанд намоҳангҳо ва наворҳои блогерон нақш бозид ва ин корашро даромади иловагӣ мегӯяд.
«Ҳар шому саҳар дар фазои маҷозӣ духтаронеро мебинем, ки мақоми ҳунармандро пойин бурда, дар наворҳои блогерон ва клипҳо нақш меофаранд. Ҳеҷ вақт орзу надоштам, ки ман ҳам ба нақшофарӣ дар чунин наворҳо розӣ шавам. Вале чун маош кам аст, ин як роҳи даромад барои мост.«, — гуфт ӯ.
Наворҳое, ки дар он Дилноза нақш бозидааст, ба чанде аз устодону дӯстонаш хуш наомадаанд, вале ҳоло шомили гурӯҳи “Sobirov team” аст ва мувофиқи шартнома ҳақ надорад бо блогерони дигар ҳамкорӣ кунад. Ба андешаи ӯ, мақсади бачаҳои ин гурӯҳ ба аҳдофи ӯ мувофиқ аст.
Навори аз ҳама сертамошобини қаҳрамони мо “Хостгорӣ” ном дорад ва он мисли вирус дар Instagram паҳн шудааст.
Дилноза чеҳраи нави пардаи телевизионҳои мо буда, интизори дархосту пешниҳодоти филмофарон аст.

Ҳ. ТОҲИРӢ

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
7
+1
9
+1
1
+1
0
+1
0
+1
1
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар маросими бошукӯҳи ифтитоҳии Бозиҳои ХХ- Осиё

JOM. Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар маросими бошукӯҳи ифтитоҳии Бозиҳои 20-уми Осиё дар Айти-Нагояи Ҷопон. 19 сентябр, бо баргузории маросими...

Пойафзоли варзишии Майкл Ҷордан дар музояда фурӯхта шуд

Пойафзоли варзишии баскетболбози амрикоӣ Майкл Ҷордан, ки дар мавсими 1995/96 муқобили «Сиэтл Суперсоникс» бозӣ карда буд, дар музояда (ауксион)...

250 сол озодӣ, 35 сол шарикӣ: чӣ ба даст омад?

Ҳамкории мо дар соҳаи фарҳанг низ густариш меёбад.  Дар давоми бисту панҷ соли дар доираи лоиҳаҳои Фонди сафирон барои...

Оё дар Моҳ шаҳр сохтан мумкин аст? Олимон ба захираи об шубҳа доранд

Бо вуҷуди пешрафтҳои ахир дар харитасозии сатҳи Моҳ барои арзёбии имкони бунёди шаҳрҳои моҳтобӣ, як таҳқиқоти нав интизориҳоро дар...
spot_imgspot_img

ProPublica: Умар Кремлёв як қисми хароҷоти тӯйи писари Трампро пардохт кардааст

Мақоми варзишии Русия ва олигарх Умар Кремлёв хароҷоти иҷораи ҷазираи хусусӣ ва оташбозӣ ё фейерверкро барои баргузории тӯйи Доналд...

Вазири фарҳанги Исроил хост шаҳрвандии ду коргардони барандаи «Оскар» бекор карда шавад

Вазири фарҳанги Исроил даъват кард, ки шаҳрвандии коргардонҳои исроилӣ Ювал Авраҳам ва Рейчел Сзор, барандагони ҷоизаи "Оскар", ки филми...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад