CАЙЁҲАТЧинор Бобову Тути калон-кӯҳансолтарин дарахт дар Суғд

Чинор Бобову Тути калон-кӯҳансолтарин дарахт дар Суғд

-

Дар вилояти Суғд 110 дарахти кӯҳансолро ҳисоб кардаанд, ки аз сад сол зиёд умр дорад. Танҳо ду дарахт “Чинор Бобо”-и ноҳияи Ашт ва “Тути калон” дар Хуҷанд бо умри беш аз 1500 сола ба даҳгонаи кӯҳансолтарин дарахти ҷаҳон шомил будааст. Аммо то кунун атрофи ин ду дарахти кӯҳансол, ки бозгӯи таърихи зиндаи маҳал аст, барои ҳифз намуданашон бо панҷараи махсус иҳота карда нашудааст ва ин масъала ба таваҷҷӯҳ ниёз дорад.

Сангинбой Қурбонов, як масъули Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд мегӯяд, бино ба ривояти халқӣ тахмин меравад “Чинор Бобо”-и Ашт ва “Тути калон” дар Хуҷанд аз 2 то 2500 сол умр дорад, вале олимони соҳа то 1500 сол тахмин мекунанд.

“Мо таҳлил карда дидем, ки дарахт “Тути калон”-и маҳаллаи Тути калони Хуҷанд ва дарахти “Чинор Бобо”-и ноҳияи Ашт байни 10 дарахи кӯҳансоли ҷаҳон ҷойи 8 ё 9-умиро ишғол мекунанд”.

Масъулини бахши ҳифзи муҳити зист мегӯянд, барӯйхатгирии дарахтони таърихӣ ва фарҳангӣ, ки ба хотири ҳифзи мероси табиӣ муҳим аст, идома дорад ва ин корро зери назорати қатъӣ гирифтаанд. Қаблан мақомот атрофи дарахти Тути сафеди 900 сола дар мавзеи Панҷшанбеи Хуҷандро бо панҷара иҳота карда ва сангеро бо навиштаҷот гузошт, ки бозгӯйи таърихи кӯҳани ин дарахт аст. Экологҳо мегӯянд, барои анҷоми ин кор ҳудуди 20 ҳазор сомонӣ сарф шуд ва ҳамакнун тасмим гирифтаанд дар соли 2021 атрофи “Тути калон”-ро  низ бо панҷара пӯшонанд.

“Дар шаҳри Хуҷанд назди як хонаи наздиҳавлигӣ дарахти “Тути калон” ҳаст, ки садсолаҳо умр дорад ва дар таҳти назорати қатъии мо қарор дорад. Дар асоси нақшаи тартибдодаи мо дар соли 2021 гирдашро бо панҷара иҳота карда, ҳамчун дарахти таърихӣ ба сайёҳон ва сокинон муаррифӣ мекунем”- мегӯяд манбаъ.

«Тути калон» аз ҳама кӯҳансолтарин дарахт дар Хуҷанд аст ва дар кӯчаи Ҷӯра Зокири ин шаҳр ҷойгир аст. Имрӯз маҳаллае дар Хуҷанд бо номи «Тути калон» маъруф аст ва бошандагонаш мегӯянд, дар қарни XVIII сарҳади ҷанубу шарқии шаҳр маҳз аз ҳамин ҷо мегузаштааст. Дар гузашта маҳаллаи «Тути калон» дар лаби «Ҷӯйи Мазор», дар чорроҳае ҷойгир буда, «Панҷшанбе»-ро бо дарвозаи «Чуянчӣ» ва деҳоти самти ҷанубии шаҳр — «Боғи Заргар», «Ҷӯйи Мазор» ва «Ғозиён» мепайвастааст.

Дар шаҳри Хуҷанд инчунин дарахти «Сегонаи Ардач» — сеюмин кӯҳансолтарин дарахт маҳсуб ёфта, гуфта мешавад садсолаҳо умр дорад. Феълан баҳисобгирии ёдгориҳои табии Суғд анҷом наёфтааст ва то имрӯз 110 дарахти кӯҳансолро аз шаҳру навоҳии шимолии Тоҷикистон дарёфтаву ба қайд гирифтаанд. Ба иттилои Сангинбой Қурбонов, Раёсати ҳифзи муҳити зист бо қарори раиси шаҳри Панҷакент ба дарахтони азимҷусса, унвони ёдгориҳои табии маҳаллӣ ва зиёратгоҳҳои маҳаллии шаҳрро додаанд ва ин кор дар дигар шаҳру навоҳии Суғд идома доштааст.

Ҳамсуҳбати мо гуфт, ки баъди анҷоми ин кор, феҳрист ва китоби ёдгориҳои табиии Суғдро бо фарогирии ҳамаи мероси табиӣ интишор мекунанд ва он барои муаррифӣ ба сайёҳони дохиливу хориҷӣ ҷолиб хоҳад буд. Аммо нигарониҳои сокинон аз ҳоли нигаҳдошти баъзе аз дарахтони кӯҳансол низ дар миён аст. Онҳо мегӯянд, дар баъзе маҳалҳо замини атрофи дарахтони нодирро ба бунёди хонаҳои истиқоматӣ ба аҳолӣ додаанд, ки бояд сари ин масъала низ андеша намуд.

 

Муаллиф: Ҳалимҷон Ҷураев

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад