БИЗНЕС-КЛУБДар Душанбею Хуҷанд тренерони соҳаи дӯзандагиро омода мекунанд

Дар Душанбею Хуҷанд тренерони соҳаи дӯзандагиро омода мекунанд

-

Маркази тиҷорати байналмилалӣ барои 34 мутахассиси корхонаҳои дӯзандагии Тоҷикистон баҳри беҳтар намудани фаъолияти дӯзандагон ва боло бурдани сатҳи маҳсулнокии кори онҳо давраҳои омӯзишӣ баргузор менамояд. Ин мутахассисҳо дар оянда ба сифати тренер донишҳои андӯхтаашонро ба ҳамкоронашон меомӯзанд. Давраҳои омӯзишӣ аз 22-юм то 27-уми феврал дар Душанбе ва аз 1-ум то 6-уми марти 2020 дар Хуҷанд баргузор мегарданд. Барномаи омӯзишӣ аз ҷониби коршиносони ширкати консалтингӣ аз Ҳиндустон – Skilift Consulting таҳия ва тадрис мешавад.

Ҳадаф аз баргузории ин давраҳо омӯзиш додани равандҳои навтарини тарзу василаҳои дӯхти либос ба кормандони маҳаллӣ буда, иштирокчиёни омӯзиш донишу маҳорати худро доир ба тарз ва раванди дӯхти либос сайқал дода, роҳҳои ноил гаштан ба натиҷаҳои беҳтар аз тариқи тағйир додани ҷараёни истеҳсолотро меомӯзанд. Дар баробари назария, гуруҳи иштироккунандагон бо тамринҳои амалӣ доир ба мудирияти кормандон ва методологияи баргузории давраҳои омӯзишӣ барои дӯзандагон фаро гирифта мешаванд.

Нантакумар Кандасамӣ, мутахассиси ширкати Skilift Consulting

Нантакумар Кандасамӣ, мутахассиси ширкати Skilift Consulting, мегӯяд, қарор аст, ширкаткунандагони ин давраҳо омӯхтаҳояшонро ба ҳамкоронашон дар корхонаҳо ва донишгоҳҳо омӯзонанд. Ӯ мегӯяд: “Ҳадафи мо таълим додани ҳамаи он чизе, ки доир ба мавзӯъи мазкур медонем, ба ширкатҳои дӯзандагӣ дар Тоқикистон мебошад. Бо истифода аз ин донишу малакаҳои нави ҳосилшуда, мо интизор дорем, ки маҳсулнокиии кор дар ширкатҳо то ба бештар аз 20% боло меравад”.

Бар иловаи давраҳои омӯзишӣ, мутахассисони Skilift аз 8-ум то 12-уми марти 2020 аз ширкатҳои шарики Маркази тиҷорати байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Хатлону Суғд боздид мекунанд. Ба иттилои Нантакумар Кандасамӣ, қисмати бештари давраҳои омӯзишӣ дар шакли амалӣ баргузор мегардад. Дар ҷараёни ин боздидҳо, онҳо тарз ва раванди дӯхт дар ширкатҳоро таҳлил намуда, бо тренерони ояндаи дар дохили ширкатҳо шинос гардида, доир ба менеҷмент машваратҳо медиҳанд ва ҳамчунин, ба ширкатҳо кумак мекунанд то беҳтар шудани ҷараёни истеҳсоли маҳсулот дар корхонаро муайян ва арзёбӣ карда тавонанд.

Ҳадафа пешбурди содироти маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ ва фароҳам овардани шароит барои дарёфти имкониятҳои даромад ва ҷойи кор унвон мешавад.

 

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад