ҲАЁТИ СОЛИМ18 июл Рӯзи байналмилалии Нелсон Мандела. Ӯ кист?

18 июл Рӯзи байналмилалии Нелсон Мандела. Ӯ кист?

-

«Сулҳ на танҳо набудани ҷанг- ин фароҳам овардани муҳите аст, ки ҳамаи инсонҳо новобаста аз нажод, ранг, мазҳаб, дин, ҷинс, ё мавқеи дигари иҷтимоӣ рушд карда метавонанд.»,-ин ҳарфҳои собиқ Президенти Африқои Ҷанубӣ ва сиёсатмадори барҷаста Нелсон Мандела аст.

Моҳи ноябри соли 2009 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо эътирофи саҳми раисиҷумҳури собиқи Африқои Ҷанубӣ дар роҳи Сулҳу озодӣ 18 июлро Рӯзи байналмилалии Нелсон Мандела эълон кард. Ҳамасола 18 июл дар зодрӯзи Нелсон Мандела, СММ ба даъвати Бунёди Нелсон Мандела ҳамроҳ мешавад то 67 дақиқаи вақти худро барои кумак ба дигарон сарф кунад ва ба ин тартиб Рӯзи байналмилалии Нелсон Манделаро таҷлил кунад. Нелсон Мандела 67 соли умри худро ба хидмати башарият ҳамчун як фаъоли ҳуқуқи башар бахшидааст. Ҳамасола дар рӯзи Нелсон Мандела дар марказҳои иттилоотии СММ ва ниҳодҳои сиёсии саросари ҷаҳон чорабиниҳои гуногун баргузор мешаванд.  

10 далели ҷолиб аз ҳаёти сиёсатмадори барҷаста ва собиқ Президенти Африқои Ҷанубӣ

  1. Се номи Мандела

Ҳангоме ки Нелсон Мандела таваллуд шуда буд ба ӯ волидонаш Холилала ном гузошта буданд, ки он дар фарҳанги забони африқоӣ маънои “сухангӯй”-ро дорад. Баъдтар ӯ дар миёни қабилаҳо ва кишварҳои Африқои Ҷанбуби бо номҳои Нелсон ва Мадиба маъруф мегардад.

  1. Чоряк аср дар зиндон

Нелсон Мандела барои фаъолияташ беш аз чоряк асрро дар зиндон сипарӣ кард. Мандела соли 1964 барои даст доштан дар табаддулоти давлатӣ ба ҳабси абад маҳкум шуда буд. Вай бештари вақти худро дар зиндон дар ҷазираи Роббен мегузаронад. Ӯ баъдан дар зиндони Поллсмур нигоҳ дошта шуд. Мандела аз 27 соли зиндони худ 17 солашро дар ҳуҷраи якнафара сипарӣ кард, ки дар шаш моҳ як дидор ва як нома ҳақ дошт. Тибқи ёддоштҳои Мандела, мактубҳои воридотӣ аксар вақт аз сензураи зиндон намегузаранд. Дар замони зиндон Мандела ғоибона дар Донишгоҳи Лондон таҳсил карда, дараҷаи бакалаврӣ дар риштаи ҳуқуқро дарёфт кардааст. Соли 1985 Президенти Африқои Ҷанубӣ Питер Бота ба Мандела бар ивази даст кашидан фаъолияти сиёсиаш озодӣ пешниҳод кард. Вале Мандела рад мекунад… Соли 1990 ҳукумати Африқои Ҷанубӣ Манделаро озод кард. Дар зиндони Кейптаун, муҷассамаи Манделаро гузоштаанд, ки то ҳол мавҷуд аст.

  1. Маросими дафни писар

Писари калонии Нелсон Мандела, Тембекиле ҳангоми дар ҳабс будани Мандела дар як садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расид. Мақомоти Африқои Ҷанубӣ иҷоза надоданд, ки Мандела дар маросими дафни писараш ширкат кунад.

  1. Аввалин президенти сиёҳпӯсти Африқои Ҷанубӣ

Мандела соли 1994 президенти Африқои Ҷанубӣ интихоб шуд ва то соли 1999 дар ин мақом буд. Вай аввалин президенти сиёҳпӯсти Африқои Ҷанубӣ шуд. Дар давоми солҳои ҳукмрониаш Мандела як қатор ислоҳоти муҳими иҷтимоию иқтисодӣ ба амал овард, ки мақсад аз он бартараф намудани нобаробарии иҷтимоию иқтисодии Африқои Ҷанубӣ мебошад. Тадбирҳои асосӣ аз он иборатанд, ки хизматрасонии тиббии бепул барои ҳамаи бачагони то 6-сола, таълими ҳатмии кӯдакони африқоӣ ва ба роҳ мондани сиёсати миллии доруворӣ, ки ба ин восита дастрасии одамон ба доруҳои наҷотбахш осон гардида буд.

  1. Рӯзи ҷаҳонии Нелсон Мандела

Соли 2009 Маҷмаи Умумии СММ 18 июлро Рӯзи Нелсон Мандела эълон кард. Ин пешниҳодро намояндаи Африқои Ҷанубӣ Басо Сангку барои баррасӣ ба Маҷмаи Умумии СММ ироа карда буд. Ӯ Манделаро «симо ва рамзи умеде номид, ки зиндагиаш намоди Созмони Милалро инъикос мекунад». Дар таърихи СММ ин тасмими аввалин мебошад, ки «рӯзи ҷаҳонӣ» ба ифтихори як фард эълон шудааст. Рӯзи 18 июл аз он сабаб интихоб шудааст, ки собиқ президенти Африқои Ҷанубӣ дар ин сана ба дунё омадааст.

  1. Барандаи ҷоизаи Нобел

Дар соли 1993 ба Мандела ҷоизаи сулҳи Нобел барои «ҷонфидоӣ дар роҳи хотима додан ба режими апартеид ва гузоштани таҳкурсии демократияи нав дар Африқои Ҷанубӣ» дода шуд. Ба ҷуз ҷоизаи Нобел, Мандела аввалин барандаи ҷоизаи Андрей Сахарови Парлумони Аврупо “Барои озодии андеша”, барандаи Ҷоизаи сулҳи Сидней ва ордени Кумитаи байналмилалии олимпӣ аст. Соли 1990 сафири Русия дар Африқои Ҷанубӣ ба Мандела Ҷоизаи ленинии Сулҳро супурд.

  1. Издивоҷ дар сини 80-солагӣ

Нелсон Мандела соли 1998 бори сеюм дар синни 80-солагӣ бо  раисиҷумҳури Мозамбик Самора Машел издивоҷ кард.

  1. Суруди табрикӣ

Соли 2011 дар 93-юмин солгарди зодрӯзи Мандела 12,4 миллион мактаббача иштирок намуда, таронаи табрикии раисиҷумҳури пешинро хонданд. Худи Мандела, ки рамзи муборизаи мардуми Африқои Ҷанубӣ алайҳи апартеид шудааст, рӯзро бо хонаводааш дар зодгоҳаш дар шарқи Кейптаун сипарӣ кардааст.

  1. Манделаи қаҳрамон

Соли 2009 дар асоси ҳаёти Нелсон Мандела драмаи биографии Invictus ба навор гирифта шуд.

  1. Дафни бармаҳал

Соли 2013 Нелсон Мандела аз дунё даргузашт. Аммо ӯро як моҳ пеш аз маргаш бо овозаи бардуруғ мурда бароварданд. Ҳатто дар тамоми расонҳои иттилоотӣ хабари фавти Мандела пахш гардид. Рӯзи 6 июн вазири фарҳанги Чили Роберто Ампуэро дар бораи марги Мандела  хабар дод. Ӯ худ дар Твиттер навишт: «Нелсон Мандела, яке аз хирадмандтарин ва бузургтарин муборизони шаъну шараф, баробарӣ ва ҳуқуқи башар даргузашт. Пас аз чанд соат барои хатои кардааш узр пурсид. «Ман хеле шодам, ки Нелсон Мандела зинда аст» гуфт ӯ.

Баҳруллои М.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
3
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Роскомнадзор: YouTube дархости моро сарфи назар кард

Шабакаи YouTube сарфи назар аз талаботи Роскомнадзор, беш аз 60 ҳазор маводро, ки ин ниҳод ғайриқонунӣ медонад, ҳазф накарааст....

CAFA-2024: Эрон медали тиллоро соҳиб шуд

Championship CAFA 2024 байни дастаҳои занонаи то 18-сола ба поён расид. Дувумин мусобиқаи имсола таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи...

Vivo X100s-ро тавонотарин смартфон меҳисобед?

Vivo X100s тавонотарин телефон дар назарсанҷиҳои чанд ширкат дониста шудааст. Маҳсулоти нав бо эҳтимоли зиёд нимаи аввали соли 2024...

Истеҳсоли Nokia 220 4G

Ширкати HDM дар Чин телефони нави тугмадори Nokia 220 4G 2024-ро муаррифӣ кард, ки USB Type-C дорад.  Nokia 220 4G...
spot_imgspot_img

Соҳибкории иҷтимоӣ. Аз маҳбус то бехонумон гуруҳи осебпазиранд

Дар Тоҷикистон лоиҳаи қонун “Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ” таҳия мешавад, ки ҳадаф аз қабули он дастгирӣ ва рушди соҳибкории...

Бори аввал. Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт

Мунтахаби миллии Тоҷикистон оид ба футзал таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов дар даври 1/4 ниҳоии Ҷоми Осиё тими миллии Афғонистонро...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад