МУВАФФАҚИЯТБо тақдими оилаи занбур ба хоҳишмандони ин шуғл ангеза...

Бо тақдими оилаи занбур ба хоҳишмандони ин шуғл ангеза медиҳад

-

Исмоил Қосимов дар шаҳри Бохтар зиндагӣ мекунад ва зиёда аз 20 сол аст, ки дар ҳавлии кучаки хеш ба парвариши занбӯри асал машғул мебошад. Заҳмату талоши пайвастааш буд, ки занбӯрҳояш ба беш аз 100 оила расид. Бобои Исмоил қабл аз занбӯрпарварӣ ронандагӣ мекард.

«Ёд дорам, солҳои 2000-ум  буд, ки як оилаи занбӯр дар як дарахти ҳавлиям нишаст. Сипас, ин оилаи занбӯрро якчанд рӯз мушоҳида намуда, аз хислату нозукиҳояш то андозае воқиф гаштам. Ҳамин тавр, завқи занбӯрарварӣ дар дилам бедор шуд. Дар ибтидо бароям кори сахте менамуд, вале талошу заҳмати зиёд ба харҷ дода, ниҳоят муваффақ шудам ва то кунун тамоми нозукиҳои ин корро аз худ намуда ба фарзандону шогирдонам омӯзондам.»,- ба хотир овард бобои Исмоил.

Исмоил Қосимов мегӯяд, ҳамасола як оилаи занбӯр аз 5 то 10 кг асали хушсифат медиҳад. Бобои Исмоил дар як сол наздик ба як тона асал ҷамъоварӣ намуда, бо нархи нисбатан арзон пешкаши мизоҷон мегардонад. Вале тибқи мушоҳидаҳои пешакии Бобои Исмоил, имсол ҳосили асал нисбат ба соли гузашта камтар аст. Ба бовари ӯ,  гарду ғубор ва ғализии муҳит сабаби аслӣ мебошад.

Фарзандон ва шогирдон бо ҳидояту роҳнамоиҳои ин мард  занбурпарвариро омӯхта, луқмаи ҳалол ба даст меоранд. Бобои Исмоил ин соҳаро ба ҷавонони зиёд омӯзондааст. То имрӯз беш аз 20 шогирди худро дар ин соҳа омода ва ҳатто 3-4 оилаи занбӯр тақдим намудаастто ин пешаро идома диҳанд.

“Ҳазорон шукр, ки кори пурбаракатамон ҳаётамонро хушу гуворо намуда, аз маҳсули меҳнатамон – асали хушсифату шифобахш одамон истифода бурда, ба кори мо баҳои баланд низ медиҳанд. Ин барои ману фарзандонам мукофоти беҳтарин ва боиси ифтихор аст.”, – мегӯяд бобои  Исмоил

Исмоил Қосимов баъди мушоҳидаву таҳқиқ ба ин натиҷа расид, ки занбӯр аз хунукӣ не, балки аз намнокӣ гирифтори бемориҳо гашта, ҳосил кам медиҳад. Бинобар ин, ҷойи нигоҳдории занбӯрро ҳамеша тозаю озода нигоҳ доштан лозим меояд. Оилаи занбӯри асалро ба мавсими зимистон омода намуда, онро дар ҷойи камшамол нигоҳ дошта, бо хӯрок таъмин намудан муҳим аст. Инчунин, барои аз бемориҳои мухталиф эмин нигоҳ доштан бо маҳлулҳои зарурӣ коркард намудан аз манфиат холӣ нест.

Исмоил Қосимов дар озмуну фестивалҳои вилоятию ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат карда, асали тоҷикиро муаррифӣ намудааст.

“Бо итминони комил гуфта метавонам, ки асали Тоҷикистон шуҳрати ҷаҳонӣ дорад.”, – бо ифтихор мегӯяд бобои Исмоил.

Асал ба чандин дард, аз ҷумла, бемориҳои асаб, камхунӣ, дилу раг, меъда ва чашму гӯш  фоидабахш аст. 

Исмоил Қосимов қасд дорад, ки оилаи замбурҳояшро афзоиш дода ба хоҳишмандони ин шуғл 3-4 оилаи занбӯрро ҳадя намуда, ҳамзамон, барояшон тамоми нозукиҳои парваришро омӯзонад. 

Наҷибулло Валиев

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
4
+1
0
+1
2
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад