МУВАФФАҚИЯТПрофессор Абдулҳай Комилӣ: супермоҳ офати табиӣ нест!

Профессор Абдулҳай Комилӣ: супермоҳ офати табиӣ нест!

-

Моҳ ягона ҳамрадифи табиии Замин ва наздиктарин ҷирми осмонӣ буда, аз Замин дар масофаи наздик ба 385 ҳазор км воқеъ аст.

Тибқи ҳисобҳои астрономӣ санаи 13-уми июл, Моҳ ба Замин ба масофаи камтар аз 360 ҳазор километр наздик шуд. Ин руйдоди аҷибро нафарони зиёде мушоҳида намуданд. Роҷеъ ба ин падидаи ҷолиб аз профессор Абдулҳай Комилӣ суол кардем.

Профессор Абдулҳай Комилӣ мегӯяд, наздик шудани Моҳ ба Замин ҳолати табиӣ буда, ба ҳаёти ҳаррӯзаи мо таъсир намерасонад ва боиси сар задани ҳеҷ гуна офатҳои табиӣ низ намегардад. Ин ҳолат дар як сол ду бор ба амал омада, ҳолати баъдии он тахминан ба моҳи ноябр рост меояд.

“Дар ҳолати наздик шудани Моҳ ба Замин ва махсусан дар осмон дурахшон гардидани он, дар назар ҳаҷми Моҳ бузург менамояд. Вале дар асл ин гуна нест. Наздик шудани Моҳ ба Замин мисли тубест, ки ҳаҷми он аз дурӣ хурд ва аз наздик бузург менамояд. Ин падидаро тавассути телескопи расадхонаҳо дидан мумкин аст.”— илова намуд  ҷаноби Комилӣ.

Ёдовар мешавем, ки 13 июл, моҳи пурра фаро расида, тақрибан соати 23:38 мардум тавонистанд аз дурахши он лаззат бурданд.

Аслан лаҳзаи фаро расидани моҳи пурраро «супермоҳ» низ мегӯянд. «Супермоҳ» лаҳзаест, ки Моҳи пурра ба Замин дар масофаи камтар аз 362 ҳазор километр наздик мешавад. Дар ҳоле ки масофаи миёнаи байни ҷисмҳои осмонӣ наздик ба 385 ҳазор км аст.

Бояд қайд намоем, ки маҳфуми «супермоҳ» истилоҳи илмӣ набуда, балки дар миёни ситорашиносони англис пайдо шудааст.

 

Наҷибулло Валиев

Аксҳо аз шабакаи фейсбук

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
2
+1
5
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад