ВАРЗИШИстиқболи тими миллии Тоҷикистон

Истиқболи тими миллии Тоҷикистон

-

Тими миллии Тоҷикистон имрӯз, 15 июн вориди Душанбе-пойтахти Тоҷикистон гардида, гарм истиқбол шуданд.

Бозингарони мо шоми дирӯз дар даври ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 бо дастаи мунтахаби Қирғизистон рақобат карда, дар гурӯҳи “F” мақоми аввалро соҳиб гардиданд. Агарчи натиҷаи бозӣ бо Қирғизистон мусовӣ (0:0) буд.

Дар ду даври гузашта мунтахаби Тоҷикистон бар дастаҳои Мянмар (4:0) ва Сингапур (1:0) пирӯзӣ ба даст оварда буд.

Ҳамин тариқ, мунтахабҳои миллии Тоҷикистон ва Қирғизистон 7-холӣ ба даст оварда, ба марҳилаи финалии Ҷоми Осиё роҳ ёфтанд. Аз ҳисоби таносуби тӯбҳо тими миллии мо дар гурӯҳ ҷои аввалро ишғол кард. Дар се бозӣ мунтахаби Тоҷикистон ба дарвозааш ягон гол сар надодааст.

Ёдрас мешавем, ки мунтахаби Тоҷикистон бо роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт бори аввал дар таърих ба марҳилаи финалии Ҷоми Осиё, ки аз 16 июн то 16 июли соли 2023 ба нақша гирифта шудааст, роҳ ёфт.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад