ОЛАМИ МАҶОЗӢРамз-калиде ба олами маҷозии шумост. Пас, рамзи қавӣ гузоред!

Рамз-калиде ба олами маҷозии шумост. Пас, рамзи қавӣ гузоред!

-

Рамз-калиде барои ворид шудан ба олами маҷозии шумост ва бояд ин калид барои дигарон дастнорас бошад. Бинобар ин, рамзҳои қавӣ эҷод намоед. Зеро, хакерон бо истифода аз барномаҳои компютерӣ метавонанд шумораи рамзҳо, махсусан рамзҳои заифро окшор намоянд. Мутахассисони соҳаи IT тавсия медиҳанд, ки рамзи қавӣ беш аз чордаҳ аломат, аз ҷумла, ҳарф, рақам ва рамз бояд дошта бошад.

Тариқи сомони haveibeenpwned.com санҷед, ки рамзи шумо то куҷо қавӣ ё заъиф аст. Яъне, осебпазир будан ё набудани хешро мушаххас намоед. Агар бо ворид намудани почтаи электронӣ дар равзани ин сомона қисмати поёнии он ранги сурхро гирифт, пас рамзи худро фавран иваз кунед.

Шумо зимни эҷоди рамз маълумоти шахсӣ (сол ва моҳи таваллуд, ном ё насаби хонавода ва ба ин монанд маълумот)-ро ворид накунед. Агарчи ин гуна рамзро ба соддагӣ дар хотир нигоҳ медоред, вале барои хакерҳо шикастани ин гуна рамзҳо низ осон аст.

Шумо метавонед барномаи мудирияти рамз (Password Manager)-ро насб намоед. Вале ин барнома ройгон нест. Агар шумо аз ин барнома истифода бурдан намехоҳед, пас, бояд барои ҳар як рамзи худ калимаҳои тӯлониро эҷод кунед, ки дорои ҳарфу рақам ва аломат бошад. Агар ба хотираи хеш эътимод надоред, пас рамзҳоро ёддошт намоед, вале онро рӯйи мизи кории хеш нагузоред.

Дар навори зер тавсияҳои муфидеро бароятон ироа менамоем ва умедворем, ки тибқи ин дастурҳо амал намуда, бехатарии хешро дар олами маҷозӣ таъмин менамоед.

С. Кабиров

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
2
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Шӯрои Федератсияи Русия боло бурдани боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷиронро тасдиқ кард

Шӯрои Федератсияи Русия қонунеро тасдиқ намуд, ки тибқи он боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон ба таври назаррас афзоиш меёбанд. Аз...

Шабакаҳои иҷтимоӣ бори аввал аз расонаҳои анъанавӣ пеш гузаштанд

Шабакаҳои иҷтимоӣ аввалин бор дар ҷаҳон ба манбаи асосии дастрасии ҷомеа ба иттилоот табдил ёфта, аз расонаҳои анъанавӣ, аз...

Ёде аз Акашариф Ҷӯраев

Аз "Дараи Камароб", "Ҷон додаракам", “Алла” ва даҳҳо суруди мондагор маҳсули эҷоди Акашариф Ҷӯраев, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ҳастанд. Суруду...

Қонун «Дар бораи авф» мавриди амал қарор гирифт

Қонун Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф" мавриди амал қарор гирифт. Нашрияи "Ҷумҳурият" қонунро нашр намуд. Қонун Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф"...
spot_imgspot_img

Ҳасану Ҳусейн ҳавопаймои бидуни сарнишин сохтанд

Ҳасан ва Ҳусейн ду навраси дугоник аз шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ҳавопаймои бидуни сарнишин сохтанд. Дар ин кор ба...

Оғози Форуми байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Тоҷикистон

Дар истироҳатгоҳи «Шоҳин»-и шаҳри Гулистон Форуми XI байналмилалии фарҳангию маърифатии «Кӯдакони Иттиҳод» ба кори худ оғоз кард. Ин чорабинӣ...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад