МУВАФФАҚИЯТМирмуҳсини ҷаҳондону ҷаҳоннадида

Мирмуҳсини ҷаҳондону ҷаҳоннадида

-

Мирмуҳсин ба ҳеҷ кишваре сафар накардааст, вале медонад, ки кадом кишвар дар куҷост ва чи қадар аҳолӣ дорад.

Мирмуҳсин Мирдодоеви 14-сола бо донистани марказии маъмурӣ, масоҳату аҳолии 150 давлати ҷаҳон миёни ҳамсолонаш маъруф гардидааст. Ин хонандаи синфи 7 аз шаҳри Бохтар яке аз хонандагоне ҳаст, ки ба фанҳои таъриху география шавқу рағбати зиёд дорад.

Ин хонанда аз синфи сеюм дар озмунҳои шаҳрию вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок мекунад ва сазовори ҷойҳои ифтихорӣ низ гардидааст.

Қаҳрамони мо-Мирмуҳсин Мирдодоев мебошад, ки дар Литсеи давлатии №1-и шаҳри Бохтар таҳсил мекунад. Ба қавли муаллимонаш, ӯ аз хонандаҳои фаъоли муассиса аст, ки ҳар сол дар озмунҳои вилоятию ҷумҳуриявӣ ширкат менамояд.

Бо поёни соли таҳсил Мирмуҳсин дар хонан худомӯзӣ мекунад: “вақте 7-сола будам, бобоям китобе дошт бо номи “Атласи ҷаҳон” ман онро пурра мутолиа кардам ва аз ҳамон вақт шавқи китобхонӣ пайдо гардид. Вақте ба мактаб омадам ба хондани фанҳои география ва таърих шавқи зиёд пайдо кардам”,-ёдовар мешавад Мирмуҳсин Мирдодоев.

Барои омӯзиш ба Мирмуҳсин бештар муаллимон ва бобою модараш кумак мекунанд. Ҳоло волидайн аз муваффақияти фарзандашон меболанд. Мирмуҳсин барои мукаммал кардани дониши худ натанҳо фанҳои географияву таърих, балки китобҳои мухталифро мутолиа мекунад. “Бо вуҷуди рақибони зиёд, дар озмуни вилоятию ҷумҳуриявии фаннӣ ва “Донояк”иштирок карда, сазовори ҷойи аввал гардидам.”,- қайд кард ӯ.

Ин хонандаи синфи 7 мақсад дорад, ки мактаби миёнаро бо баҳои аъло хатм намуда, дар Донишгоҳи милии Тоҷикистон дар риштаи сиёсат ва идоракунии давлат таҳсил намояд.

Амонҷон Муҳиддинов

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад